Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2009 № 557 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 "Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 1996, №3, мод. 53; с. 1997, №23-24, мод. 333; с. 2007, №5, мод. 370) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар тамоми матни Қонун калимаи "Фасли" ба калимаи "Боби" иваз карда шуда, бобҳо ва қисмҳо бо рақамҳои арабӣ ишора карда шаванд.

2. Номи Фасли 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Боби 1. Муқаррароти умумӣ"

3. Дар ном ва матни моддаи 1 калимаҳои "Вазифаи қонунҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера" ба калимаҳои "Мақсад ва вазифаи Қонуни мазкур" иваз карда шаванд.

4. Ба Қонун моддаи 1(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 1(1). Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- атмосфера - қабати газҳое, ки заминро иҳота карда, асосан аз нитроген, оксиген ва ба миқдори кам аз гази карбонат ва озон иборат аст;

- консентратсияи ҳадди ҷоиз - миқдори моддаҳои зарарнок, ки бо меъёри қонунӣ ё аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар карда шудааст ва ба саломатии инсон, муҳити зист, олами наботот ва ҳайвонот зараровар нест;

- қабати озонӣ - қабати атмосферие, ки байни баландии 7-8 километр дар қутбҳои замин, дар экватор 17-18 километр ва дар рӯи сайёра бо зичии зиёд дар баландиҳои 20-22 километр аз сатҳи замин воқеъ гардида, шуоъи ултрабунафши барои мавҷудоти зинда ҳалокатовари кайҳониро аз худ намегузаронад.".

5. Моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об охране атмосферного воздуха"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 1 февраля 1996 года "Об охране атмосферного воздуха" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1996 г., №3, ст. 53; 1997 г., №23-24, ст. 333; 2007г., №5, ст. 370) следующие изменения и дополнения:

1. Во всем тексте Закона слово "Раздел" заменить словом "Глава", главы и части обозначить арабскими цифрами.

2. Название Раздела 1 изложить в следующей редакции:

"ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ".

3. В названии и тексте статьи 1 слова "Задачи законов об охране атмосферного воздуха" и "Задачами законов об охране атмосферного воздуха" соответственно заменить словами "Цели и задачи настоящего Закона" и "Целями и задачами настоящего Закона".

4. Закон дополнить статьей 1 (1) следующего содержания:

"Статья 1(1). Основные понятия

Основные понятия, используемые в настоящем Законе:

- атмосфера - газовая оболочка, окружающая землю и состоящая в основном из азота, кислорода и в малом количестве из углекислого газа и озона;

- предельно допустимая концентрация - законно или установленный государственным уполномоченным органом норматив количества вредного вещества, не влияющее на здоровье человека, окружающую среду, флору и фауну;

- озоносфера - слой атмосферы, лежащий между 7-8 км над полюсами, 17-18 км на экваторе и с наибольшей плотностью на высотах 20-22 км над поверхностью планеты, отличающийся повышенной концентрацией молекул озона, отражающих жесткое ультрафиолетовое космического излучение, гибельное для живых существ.".

5. Статью 2 изложить в следующей редакции:

"Статья 2. Законодательство Республики Таджикистан об охране атмосферного воздуха

...