ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
"Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, №455 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №12, қ.1, мод. 990, соли 2009, №5, мод. 321) моддаи 480(1)бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 480(1). Парвариш ва нигоҳдории ғайриқонунии ҳайвонот ва паррандаҳои хонагӣ дар ҳудуди марзию маъмурии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Барои ғайриқонунӣ дар ҳудуди марзию маъмурии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғайр аз минтақаҳое, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муайян гардидаанд, парвариш ва нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2010 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
5 октябри СОЛИ 2009 № 550
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маьмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2009 № 1412
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ
Статья 1.
Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях, принятый Законом Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года, № 455 (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., № 12, ч. 1, ст. 990; 2009 г., № 5, ст.321), дополнить статьёй 480(1) следующего содержания:
"Статья 480(1) . Незаконное разведение и содержание скота и домашней птицы в пределах административно-территориальной границы столицы Республики Таджикистан
1. Незаконные разведение и содержание крупного рогатого скота, мелкого скота, а также лошадей, ослов, птицы и других домашних животных, кроме кошек, собак и несъедобных мелких птиц в пределах административно- территориальной границы столицы Республики Таджикистан, за исключением зон, определенных решением Маджлиса народных депутатов города Душанбе,
влекут наложение штрафа на физических лиц в размере от десяти до двадцати и на юридические лица - от ста до трёхсот показателей для расчётов.
2. Те же действия, предусмотренные частью первой настоящей статьи, совершенные повторно в течение одного года после применения административного взыскания,
- влекут наложение штрафа на физических лиц в размере от двадцати до пятидесяти и на юридические лица - от трёхсот до четырёхсот показателей для расчётов.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие с 1 января 2010 года.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
5 октября 2009 года № 550