ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68, 69; №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149, 167; с. 2002, №11, мод. 675, 750; с. 2003, №8, мод. 456, 468; с. 2004, №5, мод. 346, №7, мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126, №7, мод. 399, №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3, №6, мод. 444, 447; №10, мод. 803; № 12, қ. 1, мод. 986, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 202(1) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 202(1). Ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, ба соҳибияти каси дигар додан, интиқол ё фиристонидани прекурсорҳо
1) Ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, ба соҳибияти каси дигар додан, интиқол ё фиристодани прекурсорҳо бо мақсади истифода бурдани онҳо барои истеҳсол ё тайёр кардани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ба миқдори калон,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
б) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок;
в) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешаванд.".
2. Дар моддаи 202(2):
- дар санксияи қисми якум калимаҳои "то се сол" ба калимаҳои "то панҷ сол" иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми дуюм калимаҳои "аз се то ҳафт сол" ба калимаҳои "аз панҷ то ҳафт сол" иваз карда шаванд.
3. Дар қисми дуюми моддаи 289 пас аз калимаҳои "моддаҳои психотропӣ" калимаҳои "прекурсорҳои онҳо, моддаҳои" илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳуриии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
5 августи соли 2009 № 547