Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ
Бо мақсади иҷрои Барномаи стратегияи ислоҳоти бахши энергетикӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёти кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тарифҳои замимашудаи энергияи барқ ва гармӣ, ки аз ҷониби Ширкати саҳомию холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба истифодабарандагон интиқол дода мешавад, тасдиқ ва аз 1 августи соли 2009 ҷорӣ карда шаванд.
2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Ширкати саҳомию холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба Нархномаи № 09-01-2009 "Тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ" тибқи қарори мазкур тағйирот ворид намоянд.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008 №602 беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 июли соли 2009 № 433
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 июли соли 2009 № 433
тасдиқ шудааст
Тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ
(бе назардошти ААИ ғайр аз аҳолӣ,
КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ва
насосҳои обкашӣ, истгоҳҳои насосҳои
обёрии мошинӣ)
+--+-----------------------------------------------------+-----------ҷ
| №| Энергаяи барқ |Дирам ба |
| | |1 кВт. соат|
| | | |
+--+-----------------------------------------------------+-----------+
|1.| Барои истифодабарандагони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ |17,10 |
| | | |
+--+-----------------------------------------------------+-----------+
|2.| Барои КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" |1,5 сенти |
| | |ИМА |
+--+----------------------------------------------Т-Т----+-----------+
|3.| Барои истифодабарандагони мақомоти буҷетӣ, соҳаҳои | |
| | коммуналӣ |6,80 |
| | | |
+--+------------Т----------ТТ--------Т----------------Т--+-----------+
|4.| Барои насосҳо ва истгоҳҳои насосҳои обкашии мошинҳои| |
| | обёрӣ ва нақлиёти барқӣ |4,55 |
| | | |
+--+--------Т--------------------------------------------+-----------+
|5.| Барои аҳолӣбо назардошти ААИ |7,50 |
| | | |
+--+--------------------------------------Т--------------+-----------+
|6.| Барои истифодаи энергияи барқ дар дегҳои барқӣ ва | |
| | дастгоҳҳои барқӣ, бо мақсади таъмини оби гарм ва | |
| | гармкунии биноҳо: | |
| | - барои бахши ғайрибуҷетӣ |42,18 |
| | - барои мақомоту муассисаҳои буҷетӣ |12,50 |
| | | |
+--+-----------------------------------------------------+-----------+
| | Энергияи гармӣ |Сомонӣ |
| | |ба 1 Гкал |
+--+-----------------------------------------------------+-----------+
| | | |
|1.|Барои муассисаҳо ва мақомоти идоракуние, ки аз | |
| |хисоби маблағҳои буҷетӣ маблағгузорӣ мешаванд |30,46 |
| | | |
+--+-----------------------------------------Т-----------+-----------+
|2.|Барои харидорони яклухте, ки гармиро ба аҳол ӣ | |
| |интиқол медиҳанд |3,98 |
| | | |
+--+------Т----------------------------------------------+-----------+
|3.|Барои ҳамаи истифодабарандагони боқимонда |117,18 |
| | | |
+--+-----------------------------------------------------+-----------+
Эзоҳ: КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" пардохти маблағи энергияи барқи истифодагардидаро бо арзи миллӣ, бо қурбе, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди пардохткунӣ муқаррар карда мешавад, анҷом диҳад.