Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2009, № 300

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2022 № 122 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 майи соли 2009 № 300

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 майи соли 2009 № 300

тасдиқ шудааст

Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.2014 № 386, аз 10.02.2016 № 66)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.2014 № 386, аз 10.02.2016 № 66)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи намунавии мазкур фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

2. Муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо мақсади тайёр намудани кадрҳои ихтисосманди коргарӣ аз рӯи тамоми самтҳои фаъолияти фоиданок тибқи номгӯи касбҳои (ихтисосҳои) тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

3. Муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", "Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ", амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур ва Оинномаи муассисаи таълимӣ ба роҳ мемонад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

4. Вазифаҳои асосии муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ иборатанд аз:

-муҳайё намудани шароити зарурӣ ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи шахс барои гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи самтҳои асосии фаъолияти самараноки ҷамъиятӣ мувофиқи номгӯи касбу ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Стандарти давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

...

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 28 марта 2022 года, №122

Утверждено  

постановлением Правительства  

Республики Таджикистан  

от "28" мая 2009 года №300

Утверждено  

постановлением Правительства  

Республики Таджикистан  

от "28" мая 2009 года №300

Типовое положение об учреждении начального профессионального образования Республики Таджикистан

(в редакции постановления Правительства РТ от 03.06.2014г.№ 386, от 10.02.2016г.№66).

(в редакции постановления Правительства РТ от 03.06.2014г.№ 386, от 10.02.2016г.№66).

1. Общие положения

1. Настоящее Типовое положение определяет деятельности учреждений начального профессионального образования в Республике Таджикистан.

2. Учреждение начального профессионального образования создается с целью подготовки рабочих кадров по всем направлениям полезной деятельности согласно перечню профессий (специальностей) утверждённым Правительством Республики Таджикистан.

3. Учреждения начального профессионального образования осуществляет свою деятельность на основе Конституции Республики Таджикистан, законов Республики Таджикистан "Об образовании", "О начальном профессиональном образовании", указов и распоряжений Президента Республики Таджикистан, постановлений Правительства Республики Таджикистан, другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, Министерства образования и науки Республики Таджикистан, настоящим Положением и Уставом учебного заведения (в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66).

4. Основными задачами учреждения начального профессионального образования являются:

- предоставление необходимых условий для удовлетворения потребностей личности в получении начального профессионального образования по основным направлениям общественно-полезной деятельности согласно перечню профессий и специальностей начального профессионального образования Государственного образовательного стандарта начального профессионального образования Республики Таджикистан;

...