Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ аз 20 майи соли 2009 № 659

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Фармони Президенти ҶТ аз 10.03.2016 № 647 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "20" майи соли 2009 № 659

тасдиқ шудааст

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "20" майи соли 2009 № 659

тасдиқ шудааст

Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

I. Муқаррароти умумӣ

1.Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ (минбаъд - Низомнома) бо мақсади татбиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" таҳия гардида, тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатиро танзим менамояд.

2. Озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ (минбаъд - озмун) бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - шаҳрвандон), хизматчиёни давлатии маъмурӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва салоҳиятнок ба хизмати давлатӣ, инчунин таъмини болоравии касбии хизматчиёни давлатӣ гузаронида мешавад.

3. Таъмини болоравии хизматчиёни давлатии маъмурӣ ва қабул ба хизмати давлатӣ дар ҳолатҳои зерин бе озмун сурат мегирад:

-ҳангоми бо амру фармонҳо ва розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ таъин гардидан;

- барои мансабҳое, ки таъин намудан ба онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти дуҷониба дорад (таъин бо гирифтани розигии хаттӣ);

- барои мансабҳои интихобӣ;

- таъин намудан дар асоси тавсияи комиссияи аттестатсионӣ;

...

Утратил силу в редакции Указа Президента Республики Таджикистан от 10 марта 2016 года, № 647

Утверждено

Указом Президента

Республики Таджикистан

 от "20" мая 2009 года №659

Утверждено

Указом Президента

Республики Таджикистан

 от "20" мая 2009 года №659

Положение о порядке проведения конкурса на замещение вакантных административных должностей государственной службы

1. Общие положения

1. Положение о порядке проведения конкурса на замещение вакантных административных должностей государственной службы (далее - Положение) разработано с целью реализации статьи 18 Закона Республики Таджикистан "О государственной службе" и регулирует проведение конкурса на замещение вакантных административных должностей государственной службы.

2. Конкурс на замещение вакантных административных должностей государственной службы (далее - конкурс) проводится с целью обеспечения равноправия граждан Республики Таджикистан (далееграждане), административных государственных служащих, подбора и расстановки высококвалифицированных и компетентных кадров на государственную службу, а также для обеспечения карьерного роста государственных служащих.

3. Обеспечение карьерного роста административных государственных служащих и приём на государственную службу вне конкурса осуществляется в следующих случаях:

- при назначении на государственные должности государственной службы распоряжениями, указами или согласием Президента Республики Таджикистан, распоряжениями и постановлениями Правительства Республики Таджикистан;

- для должностей, назначение на которых, согласно законодательству Республики Таджикистан имеет двухстороннюю особенность (назначение по письменному согласию);

- для выборных должностей;

- назначение на основании рекомендации аттестационной комиссии;

...