Низомнома оид ба тартиб ва мӯҳлати (давомнокии) батаъхиргузории ӯҳдадориҳои андоз аз 29 апрели соли 2009 № 236

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2013 № 398 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 апрели соли 2009 № 236

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 апрели соли 2009 № 236

тасдиқ шудааст

Низомнома оид ба тартиб ва мӯҳлати (давомнокии) батаъхиргузории ӯҳдадориҳои андоз

1. Низомномаи мазкур тартиб ва мӯҳлати (давомнокии) батаъхиргузории ӯҳдадориҳои андозро муайян менамояд.

2. Батаъхиргузорӣ ин гузаронидани мӯҳлати пардохти як ё якчанд андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо ба таърихи нисбатан дертар ба ҳисоб меравад. Баъди ба охир расидани мӯҳлати батаъхиргузорӣ андозсупоранда ӯҳдадор аст маблағи қарзро аз рӯи андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо пурра ва якбора пардохт намояд.

Маблағи андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо, ки қаблан бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисони шаҳру ноҳияҳо мӯҳлати пардохташон ба таъхир гузошта шудаанд, ҳангоми гузаронидани ҳисоббаробаркуниҳо ва аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод ҳамчун бақияпулиҳои андоз ба эътибор гирифта мешаванд.

3. Батаъхиргузорӣ нисбати он ӯҳдадориҳои андоз, ки мӯҳлати пардохташон нарасидааст, манъ аст.

4. Батаъхиргузории ӯҳдадориҳои андози андозсупоравдагон танҳо дар ҳолатҳои мавҷуд будани яке аз асосҳое, ки дар қисми 10 моддаи 90 Кодекси андоз зикр ва тибқи тартиби зерин асоснок гардидааст, анҷом дода мешавад:

а) қарори Раиси шаҳр ё ноҳия доир ба тасдиқ намудани зарари расонидашуда аз офатҳои табиӣ, садамаи технологӣ ва дигар ҳолатҳои таъсири қувваҳои рафънопазир;

б) тасдиқномаи мақомоти молияи маблағгузор доир ба сари вақт аз буҷет маблағғузорӣ нашудани ин шахс (андозсупоранда) ва дурустии мавҷуд будани маблағи ин қарз то рӯзи пешниҳод шудани дархост;

в) тасдиқномаи мақомоти идоракунии соҳавии ҷумҳуриявӣ доир ба гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ ё таҷрибавию конструкторӣ;

...

Утратил силу в редакции постановления Правительства РТ
                              от 31.08.2013г.
№ 398

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "29" апреля 2009 года № 236

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "29" апреля 2009 года № 236

Положение о порядке и сроках (продолжительности) отсрочки налоговых обязательств

1. Настоящее Положение определяет порядок и сроки (продолжительность) отсрочки налоговых обязательств;

2. Отсрочкой является перенос срока уплаты одного или нескольких налогов, процентов и штрафов по ним на более позднюю дату. По истечении предоставленного времени налогоплательщик обязан уплатить полностью и единовременно сумму задолженности по налогам, процентам и штрафам по ним.

Сумма налогов, процентов и штрафов по ним, по которым ранее по решениям Правительства Республики Таджикистан и председателей городов и районов предоставлена отсрочка, при проведении взаимозачетов и списании безнадежных задолженностей считается недоимкой по налогам.

3. В отношении налоговых обязательств, срок уплаты которых не наступил, отсрочка не предоставляется.

4. Отсрочка налоговых обязательств налогоплательщиков предоставляется только в случаях возникновения одного из условий, указанных в пункте 10 статьи 90 Налогового Кодекса и обоснованного в следующем порядке:

а) решением Председателя города или района об утверждении причиненного ущерба в результате стихийного бедствия, технологической катастрофы или иных обстоятельств непреодолимой силы;

б) подтверждением финансирующего финансового органа о несвоевременном финансировании этого лица (налогоплательщика) и достоверности наличия этой задолженности до дня представления ходатайства;

в) подтверждением отраслевого республиканского органа управления о проведении научно-исследовательских или опытно-конструкторских работ;

...