Қоидаҳои интихоби номзадҳо ҷиҳати дарёфти стипендияи байналмилалии президенти ҷумҳурии тоҷикистон "Дурахшандагон" аз 2 апрели соли 2009 № 208

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.11.2022 № 581 аз эътибор соқит дониста шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 апрели соли 2009

№ 208 тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 апрели соли 2009

№ 208 тасдиқ шудааст

Қоидаҳои интихоби номзадҳо ҷиҳати дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон"

Қоидаҳои мазкур тартиби интихоби номзадҳоро ҷиҳати дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" (минбаъд - Стипендияи "Дурахшандагон") бо мақсади тайёр намудани кадрҳо дар хориҷа, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2008 №502 таъсис ёфтааст, муайян мекунад.

1. Муқаррароти умумӣ

1. Стипендияи "Дурахшандагон" инфиродӣ буда, ҳар сол аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба тайёр намудани кадрҳо дар хориҷа (минбаъд - Комиссияи ҷумҳуриявӣ) ба шаҳрвандон, ки хоҳиши гирифтани таҳсилоти олии касбии зинаҳои мутахассис, бакалавр, дараҷаҳои илмии магистр, номзади илм, доктори илм ва доктори Ph.D), инчунин таҳсил дар ординатураҳои клиникӣ ва интернатураро аз рӯи ихтисосҳои тиббӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷӣ дар шакли рӯзонаи таҳсил доранд, дода мешавад.

2. Маблағгузории Стипендияи "Дурахшандагон" аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Низомномаи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" амалӣ мегардад.

2. Талабот ба номзадҳо ҷиҳати дарёфти Стипендияи "Дурахшандагон" барои гирифтани зинаҳои таҳсилоти олии касбии мутахассис ва бакалавр

3. Барои иштирок дар озмун шаҳрвандони зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон ба 18 расидааст, иҷозат дода мешаванд:

- дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;

- таҳсилкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, ба истиснои хатмкунандагон;

...

Утратил силу пост. Правительством РТ от 29.11.2022 №581

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан 

от "2" апреля 2009 года №208

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан 

от "2" апреля 2009 года №208

Правила отбора кандидатов для присуждения Международной стипендии Президента Республики Таджикистан "Дурахшандагон"

Настоящие Правила определяют порядок отбора кандидатов для присуждения Международной стипендии Президента Республики Таджикистан "Дурахшандагон" (далее - стипендия "Дурахшандагон"), учрежденной Указом Президента Республики Таджикистан от 2 августа 2008 года №502 для подготовки кадров за рубежом.

1. Общие положения

1. Стипендия "Дурахшандагон" является индивидуальной и присуждается ежегодно Республиканской комиссией по подготовке кадров за рубежом (далее - Республиканская комиссия) гражданам, желающим получить ступени высшего профессионального образования - специалиста, бакалавра и научные степени магистра, кандидата наук, доктора наук и доктора Рh.D, а также пройти обучения в клинической ординатуре и интернатуре по медицинским специальностям в зарубежных образовательных и научных учреждениях по очной форме обучения.

2. Финансирование Стипендии "Дурахшандагон" осуществляется за счет Специального фонда Президента Республики Таджикистан, в соответствии с Положением Международной стипендии Президента Республики Таджикистан "Дурахшандагон".

2. Требования, предъявляемые к кандидатам на присуждение Стипендии "Дурахшандагон" для получения ступени высшего профессионального образованияспециалиста и бакалавра

3. К участию в конкурсе допускаются граждане Республики Таджикистан, достигшие 18-летнего возраста:

- имеющие среднее общее, начальное и среднее профессиональное образование;

- обучающиеся в высших учебных заведениях республики, за исключением выпускников;

...