Низомномаи стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" аз 2 апрели соли 2009 № 208

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.11.2022 № 581 аз эътибор соқит дониста шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 апрели соли 2009

№ 208 тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 апрели соли 2009

№ 208 тасдиқ шудааст

Низомномаи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон"

Низомномаи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2008 №502 "Дар бораи таъсиси Стипенидияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" бо мақсади дастгирии шахсони болаёқат ва бо назардошти талаботи иқтисодиёти миллӣ тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ таҳия карда шудааст.

1. Муқаррароти умумӣ

1. Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дурахшандагон" (минбаъд - Стипендияи "Дурахшандагон") ба шахсони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон таъин карда мешавад.

2. Тартиби интихоби номзадҳо ва пардохти Стипендияи "Дурахшандагон"

2. Стипендияи "Дурахшандагон" инфиродӣ буда, ҳамасола аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба тайёр намудани кадрҳо дар хориҷа (минбаъд - Комиссияи ҷумҳуриявӣ) бо мақсади аз ҷониби стипендиатҳо гирифтани зинаҳои таҳсилоти олии касбии мутахассис, бакалавр ва дараҷаҳои илмии магистр, номзади илм, доктори илм ва доктори Ph.D дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ дар шакли рӯзонаи таълим муқаррар карда мешавад.

3. Номгӯи ихтисосҳои барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ зарур (минбаъдномгӯи ихтисосҳо), ки дар асоси он Стипендияи "Дурахшандагон" таъин карда мешавад, аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда, ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод карда мешавад.

4. Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва доир намудани озмун барои дарёфти Стипендияи "Дурахшандагон" ҳамасола аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми корӣ) муайян карда мешавад.

5. Пардохти Стипендияи "Дурахшандагон" аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ амалӣ мегардад.

...

Утратил силу пост. Правительством РТ от 29.11.2022 №581

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "2" апреля 2009 года №208

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "2" апреля 2009 года №208

Положение о Международной стипендии Президента Республики Таджикистан "Дурахшандагон"

Положение о Международной стипендии Президента Республики Таджикистан "Дурахшандагон" разработано в соответствии с Указом Президента Республики Таджикистан от 2 августа 2008 года №502 "Об учреждении Международной стипендии Президента Республики Таджикистан "Дурахшандагон" с целью поддержки одаренных лиц и подготовки специалистов в образовательных и научных учреждениях зарубежных государств с учетом потребности национальной экономики, за счёт Специального фонда Президента Республики Таджикистана по подготовке специалистов в зарубежных государствах.

1. Общие положения

1. Международная стипендия Президента Республики Таджикистан "Дурахшандагон" (далее - Стипендия "Дурахшандагон") назначается одаренным лицам Республики Таджикистан для обучения в образовательных и научных учреждениях развитых стран мира.

2. Порядок отбора претендентов и выплаты Стипендии "Дурахшандагон"

2. Стипендия "Дурахшандагон" является персональной и устанавливается ежегодно Республиканской комиссией по подготовке кадров за рубежом (далее - Республиканская комиссия) в целях получения стипендиатами уровней высшего профессионального образования специалиста, бакалавра и научных степеней магистра, кандидата наук и доктора наук, доктора Рh.D в образовательных и научных учреждениях зарубежных государств по очной форме обучения.

3. Перечень востребованных для экономики республики специальностей (далее - перечень специальностей), на основании которого присуждается Стипендия "Дурахшандагон", определяется Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан и предоставляется Республиканской комиссии.

4. Срок подачи документов и проведение конкурса на присуждение Стипендии "Дурахшандагон" ежегодно определяется Министерством образования Республики Таджикистан (далее - рабочий орган).

5. Выплата Стипендии "Дурахшандагон" осуществляется за счет Специального фонда Президента Республики Таджикистана по подготовке специалистов в зарубежных государствах.

...