ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таърихи қарз (кредит)
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №3, мод.85)
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1501, аз 20.06.2024 № 2076)
Қонуни мазкур мафҳум, тартиб, асосҳои ҳуқуқии ташкилу нигоҳ доштан ва ошкор кардани таърихи қарзро муайян намуда, хусусиятҳои ташаккул, аз нав ташкил кардан, барҳам додани Бюрои таърихи қарз, принсипҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти иштирокчиёни системаи ташаккули таърихи қарзро муқаррар мекунад ва муносибатҳои дар ин соҳа ба миён омадаро ба танзим медарорад.
БОБИ 1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Мақсади Қонуни мазкур аз фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ барои ташкил, коркард, нигоҳдорӣ ва ошкор намудани таърихи қарз вобаста ба таъмини ҳифз ва самаранокии фаъолияти иштирокчиёни системаи ташаккули таърихи қарз иборат мебошад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- таърихи қарз - иттилооти мусбат ё манфии иҷрои ӯҳдадориҳои субъекти таърихи қарз аз рӯйи шартномае, ки дар Бюрои таърихи қарз нигоҳ дошта мешавад;
- иттилоот - маълумот дар бораи субъекти таърихи қарз, ки дар воситаҳои алоқаи электронӣ ва сабтҳои коғазӣ, ки иштирокчиёни системаи ташаккули таърихи қарз пешниҳод мекунанд ва истифодаи он, ки дар мавриди зарурӣ бо имзои электронии рақамӣ тасдиқ карда мешавад;
- иттилооти мусбат - иттилооте, ки аз ҷониби субъекти таърихи қарз ба таври матлуб иҷро гардидани ӯҳдадориҳои шартномавиро доир ба хавфи қарз фаро мегирад;
- иттилооти манфӣ - иттилооте, ки аз ҷониби субъекти таърихи қарз, иҷро нашудани ӯҳдадориҳои шартномавиро доир ба хавфи қарз фаро мегирад;
...