Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2003 №251
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2003 №251 "Дар бораи тасдиқи Низомнома оид ба минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳадӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои вуруд, истиқомати муваққатӣ ва буду бош, рафту омад, иҷрои корҳо, баҳисобгирӣ ва таъминоти киштиҳои дарёгард дар минтақаи сарҳадӣ" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"2. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи шахсонеро, ки нисбат ба онҳо қоидаи низоми сарҳадӣ амал намекунад, муайян намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.".
2. Ба Низомнома оид ба минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳадӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои вуруд, истиқомати муваққатӣ ва буду бош, рафту омад, иҷрои корҳо, баҳисобгирӣ ва таъминоти киштиҳои дарёгард дар минтақаи сарҳадӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2003 №251 тасдиқ гардидааст, тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- дар муқаддима калимаҳои "сарҳади давлатӣ" ба калимаҳои "Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- аз сархати дуюми банди 1.1. калимаҳои "минтақаи обҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд;
- бандҳои 1.3., 2.1.-2.16. ва 2.21.-2.23. хориҷ карда шаванд;
- дар бандҳои 1.6, 2.24., 3.4., 4.2. ва 4.7. калимаҳои "мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ", "ҳокимияти маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд:
- банди 2.17. дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"2.17. Вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба минтақаи сарҳадӣ бе розигии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти корҳои дохилӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар раводид ва шаҳодатномаҳо оид ба даъвати онҳо маҳалҳои дар минтақаи сарҳадӣ воқеъбуда зикр шудаанд, манъ карда мешаванд."
- дар бандҳои 2.18. ва 5.4. калимаҳои "бетабъа" ва "бетабаият" ба калимаи "бешаҳрванд" иваз карда шуда, аз банди 2.18. калимаҳои ", инчунин ба мусофирони" хориҷ карда шаванд;
- дар банди 2.19. калимаҳои "мақомоти дахлдори Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "мақомот ва кӯшунҳои дахлдори Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
...

- дар зербанди дуюми банди 2.25. калимаҳои "Вазорати хоҷагии об ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- бандҳои 1.4.-1.9. мутаносибан бандҳои 1.3.-1.8., бандҳои 2.17.-2.20. мутаносибан бандҳои 2.1.-2.4. ва бандҳои 2.24.-2.29. мутаносибан бандҳои 2.5.-2.10. ҳисобида шаванд;
- дар бандҳои 3.4. ва 3.7. калимаҳои "Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Қӯшунҳои сарҳадӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархати якуми банди 4.2. калимаҳои "Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаи "Шахсоне" ва дар сархати дуюм калимаи "шаҳрвандон" ба калимаи "шахсон" иваз карда шаванд;
- дар бандҳои 4.7. ва 5.5. калимаҳои "созишномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Созишномаҳои байналхалқӣ" ба калимаҳои "санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст," иваз карда шаванд;
- банди 5.4. хориҷ карда шавад;
- банди 5.5. банди 5.4. ҳисобида шавад;
- дар тамоми матни Низомнома калимаҳои "хурдҳаҷм" ва "хурдҳаҷми" мутаносибан ба калимаҳои "хурдандоза" ва "хурдандозаи" иваз карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 феврали соли 2009 № 88
ш. Душанбе