Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 декабри соли 2008 № 658
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 декабри соли 2008 № 658
тасдиқ шудааст
Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сиёсати аграрӣ - ин аз фаъолияти давлат иборат мебошад, ки ба фароҳам овардани шароитҳои хоҷагию молиявӣ ва сиёсӣ дар бахши аграрӣ нигаронида шуда, бо роҳи таъсиррасонӣ ба равандҳои иқтисодии дар он ҷойдошта, тавассути шакл ва усулҳои нисбатан муосир дар соҳаи иқтисодиёти аграрӣ татбиқ мегардад.
Сиёсати аграрӣ баланд бардоштани самаранокии истифодабарии захираҳо, оқилона ҷойгир сохтани истеҳсолоти кишоварзӣ, беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо озуқа ва бо ашёи хом таъмин намудани саноатӣ коркарди маҳсулоти соҳа, мӯътадил гардонидани бозорҳо бо маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ, дастгирӣ ва ҳимоя намудани молистеҳсолкунандагони комплекси агросаноатӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии деҳотро дар назар дорад.
Дар доираи сиёсати аграрӣ қонунгузории аграрӣ ва сохтори аграрӣ ташаккул меёбад. Таҳти мафҳуми қонунгузории аграрӣ меъёрҳои ҳуқуқие фаҳмида мешаванд, ки ҳамзамон бо расму анъанаҳои ҳукмрон равандҳои дар соҳаи кишоварзӣ ва зиндагии аҳли деҳот рухдодаро муайян месозад. Сохтори аграрӣ - таносуби унсурҳои иқгисодӣ, техникӣ ва иҷтимоӣ дар соҳаи аграрӣ мебошад, ки бо қонунгузории аграрӣ, зудамалии омилҳои истеҳсолӣ, мушаххасоти истеҳсолоти кишоварзӣ, шароити меҳнат ва зисту зиндагии аҳолӣ муайян шудааст.
Объекти сиёсати аграрӣ равандҳои ҷорӣ дар иқтисодиёти аграрӣ ба ҳисоб меравад.
Мақсади сиёсати аграрӣ аз таъмин намудани инкишофи тамоми соҳаҳои Комплекси агросаноатӣ (КАС), баланд бардоштани самаранокӣ, қобилияти рақобатпазирӣ ва дар ин асос таъмин намудани амнияти озуқавории системаи бехатарии миллии ҷумҳурӣ иборат мебошад.
Вазифаҳои асосии сиёсати аграрӣ - на танҳо инъикоси раванд ва зуҳурот дар соҳаи аграрӣ, инчунин ошкор намудани худи системаи зуҳурот, равандҳо ва қонунҳо дар ин соҳаи фаъолияти шаҳрвандон мебошад. Вазифаи муҳими дигари сиёсати аграрӣ аз таъсир ба қонунгузории аграрӣ иборат мебошад.
1. Зарурияти қабули Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1.Мақсадҳои стратегӣ, афзалиятҳо ва самтҳои ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои барномавӣ инъикос ёфта, аз ҷониби роҳбарияти сиёсии кишвар татбиқ мегарданд ва мақсади ниҳоии онҳо аз таъмини сатҳи зиндагии қобили таҳаммул ва сазовор барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ иборат аст, тақозо менамояд, ки оид ба ҳар як соҳаи хоҷагии халқ тадбирҳои мушаххас андешида шавад.
Вобаста ба ин, зарурат ба миён омадааст, ки Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Консепсия)-и санҷидашуда, воқеан иҷрошаванда таҳия гардад, ки дар он усул ва роҳҳои иҷрои муқаррароти барномаҳои асосии давлатӣ - Стратегияи миллии рушд (СМР) ва Стратегияи миллии паст кардани сатҳи камбизоатӣ (СПКСК) инъикос ёбад. Ҳангоми таҳияи Консепсия Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ" аз 30 июни соли 2006 таҳти рақами 1775 ва дигар қарорҳои дар солҳои охир қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба бахши аграрӣ ҳамчун асос қабул карда шуд.
...