Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 № 369
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 №369 "Дар бораи объектҳои махсусан муҳим" зербанди 6 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"6) Барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолии Корхонаи фаръии давлатии "МБГ-и Ёвон"-и Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминии Тоҷик".
2. Номгӯи таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ, ки барои барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолии Корхонаи фаръии давлатии "МБГ-и Ёвон"-и Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, тасдиқ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 10 январи соли 2009 № 4
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 10 январи соли 2009
№ 4 тасдик шудааст
Ниг. ба замима