Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декайри еоди 2008 № 668 "Дар бораи лимити шумораи мошинҳои сабукрави хизматии вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту муассисаҳои тобеи онҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (ба ғайр аз нақлиёти махсус)"

Санаи амалкуни: 31.10.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2016 № 195 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи лимити шумораи мошинҳои сабукрави хизматии вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту муассисаҳои тобеи онҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (ба ғайр аз нақлиёти махсус)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.12.2010 № 645, аз 1.07.2011 № 340, аз 02.07.2013 № 303, аз 31.10.2014 № 703)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.12.2010 № 645, аз 1.07.2011 № 340, аз 02.07.2013 № 303, аз 31.10.2014 № 703)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеи онҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ лимити шумораи мошинҳои сабукрави хизматӣ (ба ғайр аз нақлиёти махсус) ба теъдоди 1635 воҳид тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1,2 ва 3) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.12.2010 № 645, аз 1.07.2011 № 340, аз 02.07.2013 № 303).

2. Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар муддати ду ҳафта ба маълумоти муассиса ва ташкилотҳои тобеъ лимити шумораи мошинҳои сабукрави хизматиро расонида, баҳисобгирӣ ва назорати риояи онро таъмин намоянд ва ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи тақсими лимитҳои зикргардидаро пешниҳод намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 декабри соли 2008 № 668

ш. Душанбе

аз 31 декабри соли 2008 № 668

ш. Душанбе

...

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи лимити шумораи мошинҳои сабукрави хизматии вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту муассисаҳои тобеи онҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (ба ғайр аз нақлиёти махсус)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеи онҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ лимити шумораи мошинҳои сабукрави хизматӣ (ба ғайр аз нақлиёти махсус) ба теъдоди 1599 воҳид тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2 ва З).