Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, № 687

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

(Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2021 № 544 аз эътибор соқит дониста шуд)

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 декабри соли 2008 № 687

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 декабри соли 2008 № 687

тасдиқ шудааст

Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

1. Қоидаҳои умумӣ

1. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (минбаъд Донишгоҳ) бо қарори Совети Вазирони СССР аз 21 марти соли 1947 № 643 ҳамчун "Университети давлатии Тоҷикистон" таъсис, минбаъд ба "Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин", "Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон" ва мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 1997 № 669 "Дар бораи мақоми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон" ба "Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон" тағйири ном кардааст.

Донишгоҳ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2008 № 556 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 1997 № 669" ба "Донишгоҳи миллии Тоҷикистон" тағйири ном кардааст.

2. Муассиси Донишгоҳ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъдМуассис) мебошад.

3. Донишгоҳ муассисаи давлатии таълимии таҳсилоти олии касбии бисёрсоҳа мебошад, ки ба он тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 1997 № 669 "Дар бораи мақоми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон" мақоми муассисаи олии таълимии худмухтор ва худидора дода шудааст.

4. Донишгоҳ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои баланси мустақил, суратҳисоби ягонаи ҷорӣ бо асъори миллӣ ва хориҷӣ дар Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳр бо Нишони давлатӣ, сабти номи худ бо забони давлатию русӣ, бланка ва штампҳо мебошад ва коргузории худро тибқи талаботи "муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

...

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 30 декабря 2021 года, №544

Утвержден

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 31 декабря 2008 года №687

Утвержден

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 31 декабря 2008 года №687

Устав Таджикского национального университета

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)

1. Общие положения

1. Таджикский национальный университет (далее Университет) образован постановлением Совета Министров СССР от 21 марта 1947 года за №643, как Таджикский государственный университет в дальнейшем он переименовался в "Таджикский государственный университет им. В.И.Ленина", "Таджикский государственный университет" и в соответствии с Указом Президента Республики Таджикистан "О статусе Таджикского государственного университета" от 15 февраля 1997 года №669 в "Таджикский государственный национальный университет".

Университет Указом Президента Республики Таджикистан от 28 октября 2008 года №556 "О внесении изменений и дополнений в Указ Президента Республики Таджикистан "О статусе Таджикского государственного университета" от 15 февраля 1997 года №669" был переименован в "Таджикский национальный университет".

2. Учредителем Университета является Правительство Республики Таджикистан (в дальнейшем - Учредитель).

3. Университет является государственным образовательным учреждением высшего профессионального многопрофильного образования, которому в. соответствии с Указом Президента Республики Таджикистан "О статусе Таджикского государственного университета" от 15 февраля 1997 года №669 предоставлен статус автономного, самоуправляемого высшего учебного заведения.

4. Университет является юридическим лицом, имеет свой собственный баланс, единый текущие счета в национальной и иностранной валюте в Центральном казначействе Министерства финансов Республики Таджикистан, печать с изображением Государственного герба, наименование на государственном и русском языках, бланки, штампы и ведущий свое делопроизводство с требованиями, установленными в действующем законодательстве.

...