Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таҷлили 20- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади таҷлили 20 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ҳайати Кумитаи тадорукот ва Нақшаи чорабиниҳои таҷлили 20солагии истикдолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегарданд).
2. Кумитаи тадорукот якҷоя бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳо доир ба таҷлили 20 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти назорат қарор дода, барои омодагӣ ва гузаронидани чорабиниҳои ҷашнӣ ҳаҷми маблағҳоро муайян намояд.
3. Муқаррар карда шавад, ки хароҷоти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба таҷлили 20 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқан аз ҳисоби маблағҳои барои нигохдории онҳо дар буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои солҳои 2009 - 2011 пешбинишуда, инчунин аз маблағҳои ба буҷети маҳаллӣ барзиёдворидгардида амалӣ карда мешаванд.
4. Роҳбарони вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳрстони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва сифатноки Нақшаи чорабиниҳои мазкур ва дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ гузаронидани таҷлили 20 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 декабри соли 2008 № 642
ш. Душанбе