ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 1998, №10, мод. 94; с. 2004, № 5, мод. 336; с. 2007, №7, мод. 697) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Матни дебоча дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Қонуни мазкур муносибатҳои ташкилию ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар байни субъектҳои фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад.".
2. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои "байналхалқӣ", "байналхалқии" ва "ашхоси" мутобиқан ба калимаҳои "байналмилалӣ", "байналмилалии" ва "шахсони" иваз карда шаванд.
3. Дар номи боби 1 ва номи моддаи 3 калимаи "Қоидаҳои" ба калимаи "Муқаррароти" иваз карда шавад.
4. Моддаи 1 ба дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.".
5. Дар моддаи 2:
- номи модда дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ";
- дар қисми якум ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои "тадқиқотӣ" ва "тадқиқотҳои" мутобиқан ба калимаҳои "таҳқиқотӣ" ва "таҳқиқотҳои" иваз карда шаванд;
- дар ҳамин қисм калимаҳои "(минбаъд фаъолияти илмӣ хонда шавад)" хориҷ карда шуда, калимаи "ба" ба калимаи "барои" иваз карда шавад;
...