ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 9, мод. 68, 69; № 22, мод. 306; с. 1999, № 12, мод. 316; с. 2001, № 4, мод. 149, 167; с. 2002, № 11, мод. 675, 750; с. 2003, № 8, мод. 456, 468; с. 2004, № 5, мод. 346; №7, мод. 452, 453; с. 2005, № 3, мод. 126; № 7 мод. 399; №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод.665; с.2008, №1, қ.1, мод. 3; №6, мод.444, 447), моддаи 234(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 234(1). Муомилоти ғайриқонунии шираи камол
1) Ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ кардан, коркард, истеҳсоли доруворӣ, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани шираи камол ба миқдори начандон калон,
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) бо истифодаи зӯроварӣ;
д) ба миқдори калон содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Таҳти мафҳуми ба миқдори начандон калон дар моддаи мазкур зиёда аз ду килограмм шираи камол ё нест кардани зиёда аз 20 бехи буттаи камол ва ба миқдори калон зиёда аз даҳ килограмм шираи камол ё нест кардани зиёда аз 100 бехи буттаи камол фаҳмида мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
31 декабри соли 2008 № 457
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
3 декабри соли 2008, № 1196
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе
18 декабри соли 2008 № 562