ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 9, мод. 68, 69; № 22, мод. 306; с. 1999, № 12, мод. 316; с. 2001, № 4, мод. 149, 167; с. 2002, № 11, мод. 675, 750; с. 2003, № 8, мод. 456, 468; с. 2004, № 5, мод. 346; №7, мод. 452, 453; с. 2005, № 3, мод. 126; № 7 мод. 399; №12, мод 640; с. 2007, №7, мод.665; с.2008, №1 (қисми 1), мод. 3), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Бандҳои "а", "б", "в", "г" моддаи 47 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"а) ҷарима;
б) маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян;
в) маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон;
г) корҳои ҳатмӣ;".
2. Қисми 4 моддаи 48 хориҷ карда шавад.
3. Дар қисми 3 моддаи 67 калимаҳои "Агар маҷмӯи ҷиноятҳоро ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин дар бар гирифта бошад," ба калимаҳои "Агар яке аз ҷиноятҳои дар маҷмӯъ содиршуда ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин бошад," иваз карда шаванд.
4. Дар санксияҳои қисми 2 моддаи 104 ва қисми 3 моддаи 179 пас аз калимаҳои "якумра аз озодӣ маҳрум сохтан" калимаҳои "бо мусодираи молу мулк" илова карда шаванд.
5. Дар санксияи қисми 3 моддаи 110 калимаҳои "дувоздаҳ то бист" ба калимаҳои "дувоздаҳ то понздаҳ" иваз карда шаванд.
6. Моддаи 210(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 210(1). Ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгуйнабуда, инчунин дорувории мӯҳлати истифодааш гузашта
1) Ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯйнабуда, инчунин дорувории мӯҳлати истифодааш гузашта ба миқдори калон,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
б) ба миқдори махсусан калон;
в) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи молу мулк ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Таҳти мафҳуми ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯйнабуда, инчунин дорувории мӯҳлати истифодааш гузаштаи дар ҳамин модда пешбинишуда ба миқдори калон арзиши маводҳои дорувории аз сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд ва ба миқдори махсусан калон аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд фаҳмида мешавад.".
7. Моддаи 323(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 323(1). Ғайриқонунӣ додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ба ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мебошанд, ворид намудани маълумотҳои баръало бардурӯғ
1) Аз ҷониби шахси мансабдор ё хизматчии давлатӣ ғайриқонунӣ додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд, ҳамчунин аз ҷониби шахси мансабдор, хизматчии давлатӣ ё хизматчии мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ки шахси мансабдор намебошад, ворид намудани маълумотҳои баръало бардурӯғ ба ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мегарданд,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
2) Аз ҷониби шахси мансабдор ё хизматчии давлатӣ ба таври дахлдор иҷро накардан ё хунукназарона иҷро кардани вазифаҳои хизматӣ, ки боиси ғайриқонунӣ додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ё ғайриқонунӣ ба даст овардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон гашта бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.".
8. Аз санксияи қисми 2 моддаи 334 ва қисми 1 моддаи 338 калимаҳои "ё ҳабс ба мӯҳлати аз чор то шаш моҳ" хориҷ карда шаванд.
9. Санксияи қисми 1 моддаи 335 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.".
10. Моддаҳои 335(1) ва 335(2) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Моддаи 335(1). Ташкили воридшавии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ташкили гузариши транзитии ғайриқонунӣ ба воситаи марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) Ташкили воридшавии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ташкили гузариши транзитии ғайриқонунии чунин шахсон ба воситаи марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати аз шаш моҳ то як сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил;
в) бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд;
г) бо истифодаи мақоми хизматӣ;
д) бо мақсади машғул шудан бо фаъолияти ғайриқонунӣ содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
Моддаи 335(2). Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ
1) Ташкили ғайриқонунӣ фиристонидан ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа,
бо ҷарима ба андозаи аз сесад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати аз шаш моҳ то як сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
2) Бо кор таъмин намудани муҳоҷирон аз ҷониби шахсе, ки барои амалӣ намудани чунин намуди фаъолият иҷозатнома надорад,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.".
11. Дар қисми 2 моддаи 352 баъд аз калимаҳои "коршинос (эксперт)" калимаи "мутахассис" илова карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
31 декабри соли 2008 № 451
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
2 октябри соли 2008 № 1119
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе
18 декабри соли 2008 № 556