ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998, №704 "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №23-24, мод. 326) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба матни Қонун дебоча ба мазмуни зайл илова карда шавад:
"Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар ташкил, ҳифз, бақайдгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин идоракунии давлатии фаъолияти бойгониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.".
2. Дар моддаи 1:
- қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Хазинаи бойгонии миллӣ қисми таркибии осори таърихӣ ва фарҳангии ватанию ҷаҳонӣ, ҳамчунин захираи иттилоотии ҷомеа буда, ба таркиби он, сарфи назар аз навъ, ҷои таъсис ва шакли моликият маҷмӯи ҳуҷҷатҳое дохил мешаванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он маҳфуз мебошанд ва таърихи ҳаёти маънавию моддии халқҳоро инъикос намуда, арзиши илмӣ, таърихию фарҳангӣ доранд.";
- дар қисми дуюм калимаи "ғайраи" ба калимаҳои "эҳтиёҷоти дигари", калимаи "таъин" ба калимаи "муқаррар" иваз карда шавад.
3. Моддаи 2 ба таври зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".
4. Дар моддаи 3 ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои "Идораи кулли" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори" иваз карда шаванд.
5. Дар қисми чоруми моддаи 4 ва қисми дуюми моддаи 19 калимаҳои "Ашхосе" ва "ашхосе" ба калимаҳои "Шахсоне" ва "шахсоне" иваз карда шаванд.
6. Дар қисми якуми моддаи 6 калимаи "юридикӣ" ба калимаи "ҳуқуқӣ" иваз карда шавад.
...