Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 декабри соли 2008 № 455 "Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Қабули Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.

Моддаи 2. Мавриди амал қарор додани Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2009 мавриди амал қарор дода шавад.

Моддаи 3. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз 5 декабри соли 1985 (Ведомостҳои Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1985, № 24, мод. 243), инчунин қонунҳое, ки тибқи онҳо ба Кодекси мазкур дар давраи аз 5 декабри соли 1985 то 1 апрели соли 2009 тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, аз эътибор соқит дониста шаванд.

Моддаи 4. Муқаррароти хотимавӣ

1. Мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдоре, ки барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор нестанд парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии баррасинагардидаи дар истеҳсолоташон қарордоштаро ба судҳо, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдоре, ки барои баррасӣ намудани чунин парвандаҳо мутобиқи Кодекси мазкур ваколатдоранд, супоранд.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мутобиқ кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешад.

3. Минбаъд, то мутобиқ кардани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо дар қисме татбиқ карда мешаванд, ки хилофи меъёрҳои Кодекси мазкур нестанд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

31 декабри соли 2008 № 455