Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008 № 78
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Номгӯи муассисаю ташкилотҳо, ки барои хизматрасонии санаторию курортӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008 № 78 "Дар бораи тасдиқи Номгӯи муассисаю ташкилотҳо, ки барои хизматрасонии санаторию курортӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд" тасдиқ шудааст, банди 18 дар таҳрири зайл илова карда шавад:
+----+----------Т----------+---Т-------------------+-----------------ҷ
|18. | Осоишгоҳи "Шифо" | Шаҳри | Моликияти |
| | | Қайроққум | шахсӣ |
+----+---------------------+-----------------------+-----------Р-----+
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 декабри соли 2008 № 612
ш. Душанбе