Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи азнавташкилдиҳии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.11.2008с. № 568)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.11.2008с. № 568)
Мутобиқи моддаҳои 58, 59, 60 ва 61 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" бо дарназардошти аз он ҷудо намудани корхонаҳои навтаъсиси зерин аз нав ташкил дода шавад:
- Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе"
- Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд";
- Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа";
- Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб";
- Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия".
2. Ба Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" барои таъсиси корхонаҳои фаръии зерин иҷозат дода шавад:
- Корхонаи фаръии "Ширкати таъминоти сӯзишворӣ"-и Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе";
- Корхонаи фаръии "Маҷмааи фарҳангию солимгардонии "Авиатор"-и Корхонаи воҳиди давлатии "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе";
...