Барномаи беҳтар намудани ҳолат ва самаранок истифода бурдани чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 аз 1 октябри соли 2008, № 481

Санаи амалкуни: 27.02.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2008 № 481

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2008 № 481

тасдиқ шудааст

Барномаи беҳтар намудани ҳолат ва самаранок истифода бурдани чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2015 № 67)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2015 № 67)

Барномаи беҳтар намудани ҳолат ва дар сатҳи лозими мавриди истифодабарӣ қарор додани чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 бо мақсади афзун гардонидани алафи чарогоҳҳо, мусоидат намудан барои зиёд кардани саршумори чорво, истеҳсоли гӯшту шир, пӯст дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, таъмини талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, саноат бо ашёи хом ва ташкили ҷойҳои нави корӣ таҳия гардидааст.

Чарогоҳҳо дар ҷумҳурӣ манбаи асосии таъмини хӯрокаи чорвои калон, гӯсфанду буз ва асп буда, зиёда аз 70-80 %-и талаботи солонаи онҳоро таъмин менамояд.

Беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо дар таъмини озуқавории мамлакат ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мавқеи хоса дорад. Бояд қайд кард, ки дар миқёси ҷаҳон аз се ду ҳиссаи гӯшту шир аз ҳисоби алафи чарогоҳ истеҳсол карда мешавад.

1. Ҳолати имрӯзаи чарогоҳҳои ҷумҳурӣ ва рушди минбаъдаи онҳо

Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3772,2 ҳазор гектар, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 770,5 ҳазор гектар, вилоятҳои Суғд 789,8 ҳазор гектар, Хатлон 1198,3 ҳазор гектар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1018,5 ҳазор гектар чарогоҳҳо мавҷуд аст.

Аз миқдори умумии чарогоҳҳо 473 ҳазор гектар дорои иншоотҳои бо обтаъминкунӣ мебошанд. Ҳоло зиёда аз 1 млн. гектар чарогоҳҳои ҷумҳурӣ бо сабаби набудани роҳ, кӯпрукҳо ва об истифода бурда намешаванд. Аз ҷумла 192 ҳазор гектари он дар мавзеъҳои "Ғориф", "Дубурса" ва "Дашти Хирсон"-и ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Дарвоз воқеанд.

Таи солҳои охир боронҳои сел, жола ва сӯхтор ҳазорҳо гектар чарогоҳҳоро ба таназзулшавӣ ва эрозия оварда расонидааст. Бо роҳи куллӣ, сатҳӣ ва маданӣ беҳтар намудани чарогоҳҳо омилҳое мебошанд, ки дар натиҷаи онҳо истеҳсоли алафи чарогоҳ 20-30% афзуда, ғунҷоиши чорвои шартӣ дар ҳар гектар зиёд мегардад.

...

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 октября 2008 года № 481

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 октября 2008 года № 481

Программа улучшения состояния и рационального использования пастбищ Республики Таджикистан на 2009-2015 годы

(в редакции постановления Правительства РТ от 26.02.2015г.№67)

(в редакции постановления Правительства РТ от 26.02.2015г.№67)

Программа улучшения состояния и рационального использования пастбищ Республики Таджикистан на 2009-2015 годы разработана в целях увеличения пастбищных кормов, содействия в увеличении поголовья скота, производства мяса и молока, кожи во всех формах хозяйствования, обеспечения потребностей населения в продуктах питания, промышленности сырьем и образования новых рабочих мест.

Республиканские пастбища являются основным источником обеспечения кормом крупного скота, овец и коз, лошадей, и обеспечивают свыше 70-80% их годовых потребностей.

Улучшение состояния пастбищ занимает особое место в обеспечении страны продовольствием и сокращении уровня бедности. Следует отметить, что в мировом масштабе две трети молока и мяса производятся за счет пастбищных кормов.

1. Нынешнее состояние республиканских пастбищ и дальнейшее их развитие

В Республике Таджикистан согласно информации Государственного комитета статистики сушествуют 3772,2 тысячи га пастбищ, в том числе 770,5 тыс. га в Горно-Бадахшанской автономной области, 789,8 тыс.га в Согдийской области, 1198,3 тыс.га в Хатлонской области и 1018,5 тыс.га в районах республиканского подчинения.

Из общего числа пастбищ 473 тыс.га имеют сооружения по водоснабжению. В настоящее время свыше 1 млн. га республиканских пастбищ в связи с отсутствием дорог, мостов и воды не используются. В том числе, 192 тыс.га расположены в местностях "Гориф", "Дубурса" и "Дашти Хирсон" Нурабадского, Раштского и Дарвазского районов.

В последние годы порядком тысячи гектаров пастбищ деградированы и эродированы селевыми дождями, градом и пожарами. Коренные, уровневые и культурные способы улучшения пастбищ являются факторами, в результате которых увеличатся производство пастбищного корма на 20-30%, и увеличатся размещение условного скота в каждом гектаре.

...