Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмате, ки ба Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият мухолифат надоранд, амал мекунанд
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.09.2005 № 337)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Қоидаи гузаронидани аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2008 № 445)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2008 № 445)
Мутобиқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаи замимагардидаи гузаронидани аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад .
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва литсензиядиҳии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 17 январи соли 1997 № 50 аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
...