Низомномаи танзими давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ аз 3 декабри соли 2004, № 482

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.10.2022 № 509 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри cоли 2004 № 482

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри cоли 2004 № 482

тасдиқ шудааст

Низомномаи танзими давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ

1. Мақоми танзимгари давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи банди 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии радиатсионӣ" Агентии бехатарии ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаьд Агентӣ) мебошад.

2. Ин Низомнома тартиби танзими давлатиро дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ муайян мекунад, таҳия ва ташкили иҷрои тадбирҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию техникӣ ва ҳуқуқиро, ки барои фароҳам овардани шароитҳои ҳифзи ҳаёт ва тандурустии одамон аз таъсири зараровари нурҳои ионзо чӣ дар шароити мӯътадили фаъолияти ядроӣ, чӣ ҳангоми рух додани садамаҳои радиатсионӣ равона шудаанд, дар бар мегирад.

3. Танзим дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ маънои зайлро дорад - амалӣ гардидани системаи тадбирҳо оид ба огоҳии пешакӣ, ошкор ва пешгирии вайрон кардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла иҷозатномадиҳӣ барои навъҳои дахлдори фаъолият, тафтишу назорати ташкилотҳо ва муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, меъёрбандии давлатӣ, муқаррар кардан ва такмили принсипҳо ва меъёрҳое, ки бехатарии радиатсиониро нишон медиҳанд.

4. Барои баррасии дастаҷамъонаи масъалаҳои танзими давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ Шӯрои байниидоравӣ таъсис дода мешавад ва Низомномаи ин Шӯро ва ҳайати онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

5. Мақоми танзимгари давлатӣ оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ дар ҷараёни фаъолияташ мувофиқи Конститусияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии радиатсионӣ", қонунҳои дигар ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ва ҳамин Низомнома амал мекунад.

6. Мақоми танзимгари давлатӣ оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ фаъолияти худро дар ҳамкории муштарак бо дигар мақомоти ваколатдор-вазоратҳо, идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тавассути амалҳои зайл анҷом диҳад:

ташкили иҷрои сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ;

таҳияи чорабиниҳо оид ба ҳимояи радиатсионӣ; қабули иқдомоти лозимӣ доир ба таъмини бехатарии радиатсионӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ва ҳамоҳангсозии иҷро ва назорати он иқдомот; дар асоси баҳодиҳии вазъи радиатсионӣ, пешкаш намудани маълумоти зарурӣ барои қабули қарорҳо доир ба чорабиниҳое, ки ба паст кардан ё қатъ гардонидани нурбороншавӣ ҳангоми садамаҳои радиатсионӣ меоваранд;

...

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 3 декабря 2004 года № 482

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 3 декабря 2004 года № 482

ПОЛОЖЕНИЕ О ГОСУДАРСТВЕННОМ РЕГУЛИРОВАНИИ В ОБЛАСТИ ОБЕСПЕЧЕНИЯ РАДИАЦИОННОЙ БЕЗОПАСНОСТИ

1. Государственным регулирующим органом в области обеспечения радиационной безопасности в Республике Таджикистан согласно статьи 6 Закона Республики Таджикистан "О радиационной безопасности", является Агентство по ядерной и радиационной безопасности при Академии наук Республики Таджикистан (далее Агентство).

2. Данное Положение определяет порядок государственного регулирования в области обеспечения радиационной безопасности, включает разработку и организацию выполнения экономических, социальных, научно-технических и правовых мер, направленных на создание условий, обеспечивающих охрану жизни и здоровья людей от вредного воздействия ионизирующего излучения как в условиях нормальной жизнедеятельности, так и при возникновении радиационных аварий.

3. Регулирование в области обеспечения радиационной безопасности означает осуществление системы мер по предупреждению, выявлению и пресечению нарушений требований нормативных правовых актов, включая лицензирование соответствующих видов деятельности, инспектирование организаций и предприятий независимо от форм их собственности, государственное нормирование, установление и совершенствование принципов и критериев, характеризующих радиационную безопасность.

4. Для коллегиального рассмотрения вопросов организации государственного регулирования в области радиационной безопасности создается Межведомственный Совет, положение о котором и его состав утверждаются Правительством Республики Таджикистан.

5. Государственный регулирующий орган по обеспечению радиационной безопасности в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, Законом Республики Таджикистан "О радиационной безопасности", другими законами и нормативно-правовыми актами Республики Таджикистан, международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан, и настоящим Положением.

6. Государственный регулирующий орган по обеспечению радиационной безопасности осуществляет свою деятельность во взаимодействии с другими полномочными органами-министерствами, ведомствами и исполнительными органами государственной власти на местах посредством:

организации реализации государственной политики в области обеспечения радиационной безопасности;

разработки мероприятий по радиационной защите, принятие мер по обеспечению радиационной безопасности при чрезвычайных ситуациях, координации выполнения и контроля за их реализацией, предоставление на основе оценки радиационной обстановки необходимых данных для принятия решения о мерах, ведущих к снижению или предотвращению облучения в случае радиационной аварии;

лицензирования видов деятельности, связанных с использованием радиоактивных источников;

...