Барномаи рушди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ барои солҳои 2008-2015 аз 1 августи соли 2008, № 376

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи соли 2008 № 376

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи соли 2008 № 376

тасдиқ шудааст

Барномаи рушди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ барои солҳои 2008-2015

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

ШИНОСНОМАИ Барномаи рушди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ барои солҳои 2008-2015

Муқаддима

Барномаи рушди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ барои солҳои 2008-2015 (минбаъд Барнома) дар асоси Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бахшида ба 50-солагии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (17 апрели соли 2007) ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 1 ноябри соли 2006 № 484 таҳия гардидааст.

Таҳияи Барнома аз зарурати навсозиҳои куллӣ вобаста буда, масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ, ҳалли вазифаҳои стратегии дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ вогузошгаро дар бар мегирад.

Ҳангоми суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 50-солагии Донишгоҳ Президенти - Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бурду бохти ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолияти 50-солаи Донишгоҳро баррасӣ намуда, мақоми Донишгоҳро дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи техникаю технология, рушди фарҳанги техникии ҷумҳурӣ воқеъбинона нишон дода, аз ҷумла таъкид намуданд: "Барои он ки мавқеъ, саҳм ва рисолати Донишгоҳ дар густариши илму техника, технология ва тарбияи кадрҳо боз ҳам баланд гардад, бояд Барномаи рушди он қабул ва мавриди татбиқ қарор дода шавад".

Зарурати таҳияи Барнома аз он бармеояд, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ яке аз марказҳои асосии тайёркунии кадрҳои муҳандисӣ ва рушди фарҳанги техникӣ дар ҷумҳурӣ буда, дар тӯли 50 соли фаъолияташ зиёда аз 45000 мутахассиси соҳибмаълумотро тарбия намудааст, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва берун аз он фаъолона меҳнат карда истодаанд. Аз байни хатмкардагони Донишгоҳ олимони номдори ҷаҳонӣ, академикҳо, докторҳои илм, профессорон, ходимони сиёсию давлатӣ ва кормандони номии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба камол расидаанд. Корҳои илмӣ, китобҳои дарсию дастурҳои таълимии устодони Донишгоҳ на танҳо дар муассисаҳои илмию таълимии ҷумҳуриамон, балки берун аз он ҳам васеъ истифода бурда мешаванд.

Ҳоло дар ҳашт факултет ва филиали Хуҷандии Донишгоҳ зиёда аз 13 ҳазор донишҷӯ таҳсил менамоянд. Дар сохтори Донишгоҳ инчунин ду коллеҷ мавҷуданд, ки дар онҳо қариб 3000 донишҷӯ таҳсил менамоянд. Дар 50 кафедраи умумитаълимию тахассусии Донишгоҳ аз рӯйи 63 ихтисос мутахассис тайёр менамоянд.

...

Одобрена

 Постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 1.08.2008г. №376

Одобрена

 Постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 1.08.2008г. №376

Программа развития Таджикского технического университета имени академика     М.С. Осими на 2008-2015 годы

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)

ВВЕДЕНИЕ

Программа развития Таджикского технического университета имени академика М.С. Осими на 2008 - 2015 годы (в дальнейшем Программа) составлена на основе Плана мероприятий по выполнению указаний и поручений Президента Республики Таджикистан на встрече, посвященной 50-летию Таджикского технического университета имени академика М.С. Осими (17 апреля 2007 года) и постановления Правительства Республики Таджикистан "О концепции развития профессионального образования в Республике Таджикистан" от 1 ноября 2006 года № 484.

Подготовка Программы зависит от коренной перестройки и включает задачу повышения качества профессионального образования, решения стратегических задач, поставленных перед Таджикским техническим университетом имени академика М.С. Осими.

В своем выступлении на торжественном собрании, посвященном 50-летию Университета, Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон анализировал достижения и недостатки Университета за 50 лет его существования, определил статус Университета в подготовке технических и технологических специалистов, и объективно отметил вклад Университета в развитии технической мысли в республике, и, в частности, отметил: "Для того чтобы повысить статус, вклад и миссию Университета в развитии техники и технологии и воспитанию кадров, необходимо разработать и принять Программу развития и реализовать ее на практике".

Необходимость разработки Программы вытекает из того, что Таджикский технический университет имени академика М.С. Осими являясь одним из основных центров подготовки инженерных кадров и развития технической культуры общества, в течение 50 лет своего существования он подготовил более 45000 высококвалифицированных специалистов, которые активно работают в различных областях народного хозяйства республики и за ее пределами. Из числа выпускников Университета выросли ученые с мировыми именами, академики, доктора наук, профессора, политические, общественные и государственные деятели, а также известные работники различных отраслей народного хозяйства. Научные работы, учебники и учебные пособия преподавателей Университета используются не только в научно-учебных учреждениях республики, но и за ее пределами.

В настоящее время на восьми факультетах и Худжандском филиале Университета обучаются более 13 тысячи студентов. В структуру Университета также входят два колледжа, в которых обучаются около 3000 студентов. На более 50 общеобразовательных и профилирующих кафедрах Университета по 63 специальностям осуществляется подготовка специалистов.

Несмотря на трудности переходного периода Университету удалось:

...