×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002, № 47 "Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ"

Санаи амалкуни: 15.03.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1794 аз эътибор соқит дониста шуд. 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД ВА ФАЪОЛИЯТИ РОҲДОРӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 1, мод. 296; с. 2009, №7-8, мод. 498; с. 2013, №7, мод. 527, №12, мод. 895)

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 543, аз 22.07.2013 № 999, аз 28.12.2013 № 1051, аз 15.03.2016 № 1302)

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 543, аз 22.07.2013 № 999, аз 28.12.2013 № 1051, аз 15.03.2016 № 1302)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти роҳдориро муайян намуда, ба тараққӣ додани шабакаҳои роҳҳои автомобилгард ва беҳтар кардани истифодаи онҳо ҷиҳати таъмини интиқоли мусофирон ва борҳо равона шудааст (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1302).

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1302):

- Роҳи автомобилгард - маҷмӯи ҷузъҳои аз чиҳати вазифа ба ҳам алоқаманди конструктивӣ ва иншоотҳои муҳандисие, ки дар он ҳаракати доимию бехатари автомобилҳо ва воситаҳои дигари нақлиёт бо суръат, вазн ва андозаҳои муқарраршуда сурат мегирад ва нигоҳдории ҳолати зарурии нақлиётиву истифодабарии ишпоотҳои роҳдориро дар қитъаҳои замин ва дар фазои ҳаво, дар ҳудудҳои муқарраршуда, ки барои ҷойгиркунии ин комплексҳо ҷудо шудаанд, таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1302);

- Роҳи автомобилгарди истифодаи умум - роҳи автомобилгарде, ки ба мақсади қонеъ намудани ниёзи аҳолӣ, ҳамлу нақли бор ва мусофирон дар байни маҳалҳои аҳолинишини шаҳру деҳот, зарурати иҷтимоию иқтисодӣ ва мудофиавии давлатиро таъмин менамояд ва барои ҳар шахсе, ки қоидаҳои истифодаи роҳҳои автомобилгардро риоя менамояд, боз мебошад;

- Соҳибони роҳҳои автомобилгард - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳуқуқи соҳибӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдории роҳҳои автомобилгардро доранд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1302);

- фаъолияти роҳдорӣ - лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид, таъмир, нигоҳдорӣ, таъминоти илмию иттилоотӣ ва фаъолиятҳои дигари роҳҳои автомобилгард, амалӣ намудани сиёсати ягонаи, идоракунӣ ва назорат дар хоҷагии роҳдорӣ, инчунин омузондани кадрҳо ба ин мақсад;

...

Утратил силу в редакции Закона РТ от 25.06.2021года, №1794

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Об автомобильных дорогах и дорожной деятельности

(в редакции Закона РТ от 5.08.2009г.№543, от 22.07.2013г.№999,от 28.12.2013г.№1051, от 15.03.2016г. №1302)

(в редакции Закона РТ от 5.08.2009г.№543, от 22.07.2013г.№999,от 28.12.2013г.№1051, от 15.03.2016г. №1302)

Настоящий Закон определяет правовые и организационные основы дорожной деятельности и направлен на развитие сети автомобильных дорог, улучшение пользования ими с целью обеспечения перевозки граждан и грузов (в редакции Закона РТ от 15.03.2016г. №1302).

ГЛАВА 1. Общие положения

Статья 1. Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия (в редакции Закона РТ от 15.03.2016г. №1302):

- автомобильная дорога - комплекс функционально связанных конструктивных элементов и инженерных сооружений, обеспечивающий непрерывное безопасное движение автомобилей и других транспортных средств с установленными скоростями, нагрузками и габаритами, а также сохранность и необходимое транспортно-эксплуатационное состояние дорожных конструкций с участками земель, предоставленными для размещения этого комплекса, и с воздушным пространством в пределах установленного габарита;

- автомобильная дорога общего пользования - автомобильная дорога, обеспечивающая перевозки грузов и пассажиров между городскими и сельскими населенными пунктами для удовлетворения нужд населения, социально-экономических и оборонных потребностей государства и открытая для использования любыми лицами с соблюдением правил пользования автомобильными дорогами;

- собственники автомобильных дорог - физические и юридические  лица, которым принадлежит право владения, пользования и распоряжения автомобильными дорогами (в редакции Закона РТ от 15.03.2016г. №1302);

- дорожная деятельность - проектирование, строительство, реконструкция, ремонт, содержание, научно-информационное и иное обеспечение автомобильных дорог, осуществление единой политики управления и контроля в дорожном хозяйстве, а также подготовка кадров для этих целей;

- пользователи автомобильных дорог -  физические и юридические  лица, являющиеся участниками дорожного движения, а также осуществляющие любую (кроме дорожной деятельности и дорожных работ) разрешенную деятельность на автомобильных дорогах (в редакции Закона РТ от 15.03.2016г. №1302);

- дорожное хозяйство - производственно-хозяйственный комплекс, включающий автомобильные дороги общего пользования, а также физические и юридические  лица, осуществляющие дорожную деятельность (в редакции Закона РТ от 15.03.2016г. №1302);

...