Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тартиби аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон додани паспортҳои дипломатӣ ва хизматӣ
Бо мақсади мураттаб сохтани аз ҷониби Вазорати корҳои хорҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон додани паспортҳои дипломатӣ ва хизматӣ ва ашхоси соҳибмансаб бо дарназардошти меъёрҳои ҷории байналхалқӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Паспортҳои дипломатӣ ва ашхоси зерин дода мешаванд:
а) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонишинони ӯ, Мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовирони калон, мушовирон, мудири шӯъбаи дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиби матбуот ва ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) ба Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, аъзоёни Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раисони кумитаҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари дастгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) Раиси суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонишинони он, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
г) Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, мудири Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирон, раисони кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонишинони онҳо, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, раиси шаҳри Душанбе;
д) ба сафирон ва фиристодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовирон, котибони якум, дуюм, сеюм, атташеи Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафоратҳо, намояндагӣ ва дигар муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин консулҳои генералӣ, консулҳо, ноиби консулҳо, агентҳои консулгарӣ, котибҳои консулгариҳои генералӣ ва консулгариҳо, курьерҳои дипломатӣ;
е) ба атташеҳои ҳарбӣ ва ёрдамчиёни онҳо;
ж) ба намояндагони тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонишинони онҳо, мушовирони тиҷоратӣ, мушовирони иқтисодӣ ва ҷонишинони онҳо, атташеҳои тиҷоратӣ;
з) ба роҳбарон ва аъзои ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласот ва гуфтушунидҳои байналхалқии байниҳукуматӣ, роҳбарон ва аъзои ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосия, ассамблея, конференция ва дигар анҷуманҳое, ки СММ, ОБСЕ, ОИК ва дигар созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ доир менамоянд;
и) ба роҳбарон ва ҳайати оперативию дипломатии намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналхалқӣ, ки вазифаи ишғол мекардаашон ба вазифаи дипломатӣ баробар карда шудааст;
...