ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 маи соли 1998 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, № 9, мод. 68; № 22, мод. 306; соли 1999, № 12, мод. 316; соли 2001, № 4, мод. 149; 167; соли 2002, №11, мод. 675; 750; соли 2003, № 8, мод. 456; 468; соли 2004, № 5, мод. 346; № 7, мод. 453; соли 2005, № 3, мод. 126; № 7, мод. 399; № 12, мод. 640; соли 2007, № 7, мод. 665; соли 2008, № 1 (қисми 1), мод.
3) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми 1 моддаи 179(1) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1) Ҷалб кардани шахсон барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 179(2), 179(5), 181, 182, 184, 184(1), 184(2), 184(3), 184(4), 185, 193, 194, 194(1), 194(2), 194(3), 194(4), 194(5), 310 ва 402 пешбининамудаи ҳамин Кодекс ё моил намудани шахс барои иштирок дар фаъолияти ташкилоти террористӣ, яроқнок намудан ё таълими шахсон бо мақсади содир намудани ҷиноятҳои номбаршуда, инчунин мусоидат кардан ба тарзи дигар,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.".
2. Моддаҳои 179(2) ва 179(3) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Моддаи 179(2). Маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта
1) Бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани воситаҳо бо мақсади пурра ё қисман истифодаи онҳо ё бо дарки он, ки ин воситаҳо барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 179(1),179(3), 181, 182, 184, 184(1), 184(2), 184(3), 184(4), 185; 193, 194, 194(1), 194(2), 194(3), 194(4), 194(5), 310 ва 402 пешбининамудаи ҳамин Кодекс истифода мегарданд, ҳамчунин агар воситаҳои мазкур воқеан дар ҷиноятҳои зикршуда истифода нагарданд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
2) Кирдорҳое, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешаванд.
3) Кирдорҳое, ки дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
б) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешаванд.
Эзоҳ: Зери мафҳуми "воситаҳо" дар моддаи мазкур (активҳои ҳама навъ, ламсшаванда ё ламснашаванда, манқул ё ғайриманқул, новобаста ба тарзи ба даст овардани онҳо, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ва ё санадҳо дар ҳама гуна шакл, аз он ҷумла электронӣ ва рақамӣ, ки ҳуқуқро ба чунин активҳо ва ё иштирок дар онҳоро тасдиқ менамоянд, инчунин кредитҳои бонкӣ, чекҳои сафарӣ, чекҳои бонкӣ, интиқолоти почтавӣ, саҳмияҳо, коғазҳои қиматнок, облигатсияҳо, векселҳо, аккредитивҳо ва ғайраҳо фаҳмида мешаванд.
Моддаи 179(3). Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта
1) Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 179(1), 179(2), 181, 182, 184, 184(1), 184(2) 184(3), 184(4), 185, 193, 194,194(1),194(2),194(3),194(4),194(5), 310 ва 402 пешбининамудаи ҳамин Кодекс,

2) Ҳамин кирдорҳо, ки бо истифода аз воситаҳои ахбори омма содир карда шудаанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешаванд.".
3. Дар моддаи 184:
дар номи модда калимаҳои "киштии ҳавоӣ, обӣ" ба калимаҳои "ҳавопаймо, киштӣ" иваз карда шаванд;
дар қисми якум калимаҳои "киштии ҳавоӣ, обӣ" ба калимаҳои "ҳавопаймо, киштӣ" иваз карда, баъд аз калимаҳои "ҳай карда бурдан," калимаҳои "ё ин ки амалӣ намудани назорати ғайриқонунӣ дар дигар шакл," илова карда шаванд;
қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"2) Содир намудан ё таҳдиди содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ барои содир намудани ягон ҳаракат ё ин ки худдорӣ намудан аз он, агар чунин кирдорҳо тавонанд воқеан ба бехатарии ҳавопаймо, киштӣ ё қатораи роҳи оҳан таҳдид намоянд - бо маҳрум намудан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.";
дар қисми дуюм калимаҳои "Ҳамин ҳаракат" ва "аз ҳашт то дувоздаҳ" мутаносибан ба калимаҳои "Ҳаракатҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда" ва "аз даҳ то понздаҳ" иваз карда шаванд;
дар қисми сеюм калимаҳои "якум ё дуюми" ва "аз дувоздаҳ то бист" мутаносибан ба калимаҳои "якум, дуюм ё сеюми" ва "аз понздаҳ то бист" иваз карда шаванд;
қисмҳои дуюм ва сеюм мутаносибан қисмҳои сеюм ва чорум ҳисобида шаванд.
4. Моддаҳои 184(1), 184(2), 184(3) ва 184(4) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Моддаи 184(1). Ғасб, вайрон кардан, содир намудани амалҳои зӯроварӣ дар платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ
1) Ғасби платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ ё дигар шаклҳои назорати ғайриқонунӣ аз болои он ё қасдона вайрон кардани он ва ё расонидани зарар ба он, ки ба бехатарии платформа таҳдид менамояд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2) Содир намудани амали зӯроварӣ нисбати шахс дар платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ, ки ба бехатарии он таҳдид менамояд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
3) Содир намудан ё таҳдиди содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ ба содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ намудан аз он, агар чунин кирдорҳо тавонанд воқеан ба бехатарии платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ таҳдид намоянд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
4) Дар платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ бо ҳар тарз ҷойгир кардан ё содир намудани ҳаракатҳо бо мақсади ҷойгир кардани восита ё моддае, ки метавонад платформаи стасионариро вайрон намояд ё ба бехатарии он таҳдид кунад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
5) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм, сеюм ё чоруми ҳамин модда, ки:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) бо истифодаи яроқ ё предмете, ки ба сифати яроқ истифода мешавад, содир шуда бошанд,
бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.
Моддаи 184(2). Кирдорҳои қасдона ба муқобили бехатарии ҳавопаймо ё киштӣ
1) Содир намудани амали зӯроварӣ нисбати шахсе, ки дар ҳавопаймо ё киштӣ қарор дорад, агар чунин амал тавонад ба бехатарии ин ҳавопаймо ё киштӣ таҳдид намояд,

2) Вайрон кардани ҳавопаймо ё киштӣ ва ё расонидани зарар ба ин ҳавопаймо ё киштӣ ё ин ки ба бори он, аз ҷумла вайрон намудани таҷҳизоти навигатсионӣ ё ба вуҷуд овардани монеаҳои ҷиддӣ дар истифодабарии он, ки онро аз кор мебарорад ё метавонад ба бехатарии он таҳдид намояд, ҷойгир кардан ё содир намудани ҳаракатҳое, ки дар ҳавопаймо ё киштӣ бо ҳар тарз ҷойгир намудани восита ё моддае оварда расонад, ки метавонад чунин ҳавопаймо ё киштӣ ва ё бори онро вайрон намояд ё ба он зараре расонад, ки метавонад ба бехатарии он таҳдид намояд,

3) Содир намудан ё таҳдиди содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ барои содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ намудан аз он, агар чунин кирдорҳо тавонанд воқеан ба бехатарии ҳавопаймо ё киштӣ таҳдид намоянд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, ки:

г) бо истифодаи яроқ ё предмете, ки ба сифати яроқ истифода мешавад, содир шуда бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешаванд.
Моддаи 184(3). Ҳаракатҳои қасдона ба муқобили бехатарии фурудгоҳҳое, ки ба авиатсияи гражданӣ хизмат мерасонанд
1) Содир намудани амали зӯроварӣ дар фурудгоҳ нисбати шахсе, ки ба авиатсияи гражданӣ хизмат мерасонад, агар чунин амал ба бехатарӣ дар ин фурудгоҳ таҳдид мекунад ё метавонад таҳдид кунад,

2) Вайрон намудан ё расонидани зарари ҷидди ба таҷҳизот ё иншооти фурудгоҳе, ки ба авиатсияи гражданӣ хизмат мерасонад ё ин ки ба ҳавопаймоҳои воқеи фурудгоҳ, ки дар истифодабарӣ қарор надоранд, ё халал расондан ба кори хадамоти фурудгоҳ, агар чунин амал ба бехатарӣ дар ин фурудгоҳ таҳдид кунад ё метавонад таҳдид кунад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
3) Содир намудан ё таҳдиди содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисми дуюми ҳамин модда бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ барои содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ кардан аз он, агар чунин кирдорҳо ба бехатарӣ дар фурудгоҳе, ки ба авиатсияи гражданӣ хизмат мерасонад, таҳдид мекунанд ё метавонанд таҳдид кунанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, ки:

Моддаи 184(4). Интиқоли ғайриқонунии шахси содирнамудаи ҷинояти хусусияти террористидошта дар нақлиёт
Интиқоли ғайриқонунии шахс дар нақлиёт бо дарки он, ки ин шахс ҳаракате содир намудааст, ки бо моддаҳои 179, 179(1), 179(2), 179(5), 181, 182, 184, 184(1), 184(2), 184(3), 185, 193, 194, 194(1), 194(2), 194(3), 194(4), 194(5), 310 ва 402 пешбининамудаи ҳамин Кодекс ҷиноят мебошад, бо мақсади ёрӣ расонидан ба чунин шахс барои гурехтан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад".
5. Дар моддаи 193:
қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1) Ғайриқонунӣ соҳибӣ кардан, истифода бурдан, ба даст овардан, фурӯхтан, нигоҳ доштан, интиқол, ба дигарон додан ё вайрон кардани маводи радиоактивӣ,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.";

"2) Содир намудани ҳаракате, ки аз талабот бо таҳдиди зӯрӣ ё истифодаи он ё ин ки бо ягон шакли дигари тарсонидан барои додани маводи радиоактивӣ иборат мебошад,
бо маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.";
дар қисми дуюм калимаҳои "Ҳамин кирдор" ва "аз панҷ то ҳашт" мутаносибан ба калимаҳои "Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда" ва "аз ҳашт то дувоздаҳ" иваз карда шаванд;
дар қисми сеюм калимаҳои "Кирдори пешбининамудаи қисми якуми" ва "аз ҳашт то даҳ" мутаносибан ба калимаҳои "Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми" ва "аз даҳ то понздаҳ" иваз карда шаванд;

6. Дар қисми якуми моддаи 194 баъд аз калимаи "радиоактивӣ," калимаҳои "ҳамчунин таҳдиди тасарруфи онҳо бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ ба содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ намудан аз он," илова карда шаванд. .
7. Моддаҳои 194(1), 194(2), 194(3), 194(4) ва 194(5) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Моддаи 194(1). Истифодабарии ғайриқонунии мавод, воситаи радиоактивӣ ё объекти ядроӣ
Истифодабарии ғайриқонунии мавод, воситаи радиоактивӣ ё объекти ядроӣ бо тарзе, ки раҳоиёбӣ ва ё хатари раҳоиёбии маводи радиоактивӣ ба вуҷуд омада, боиси хавфи марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии одамон ё ин ки расонидани зарари ҷиддӣ ба моликият, ба муҳити зист мегардад, бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ ба содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ намудан аз он, ҳамчунин таҳдиди содир намудани чунин кирдор бо ҳамин мақсад,

Эзоҳ: Дар моддаи мазкур зери мафҳуми "маводи радиоактивӣ" маводи ядроӣ ва дигар моддаҳои радиоактивии нуклиддоре фаҳмида мешавад, ки худ аз худ таҷзия меёбанд (ҷараёне, ки зимни он афканишоти ионии як ё якчанд намуд, масалан, алфа-афканишот, бета-афканишот, афканишоти нейтронӣ ва гамма-афканишот сурат мегирад) ва онҳо вобаста ба хусусиятҳои радиологӣ ва ё таҷзияи худ метавонанд боиси марг, зарари вазнин ба саломатӣ ва ё зарари ҷиддӣ ба моликият ва муҳити зист шаванд.
"Маводи ядроӣ" - плутоний, ба истиснои плутонийи дорои ҷамъи изотопҳо, ки зиёда аз 80 фоизаш плутоний-238 аст; уран-233; урани бо изотопҳои уран-235 ё уран-233 ғанигардонидашуда; урани дорои омехтаи изотопҳое, ки дар табиат дар шакле вомехӯранд, ки аз маъдан ё пасмондаҳои маъданӣ фарқ мекунанд; ва ҳар гуна маводи дорои як ё якчанд элементҳои зикргардидае мебошад, ки дар ин ҳолат "урани бо изотопҳои уран-235 ё уран-233 ғанигардонидашуда" урани дорои изотопҳои уран-235 ё уран-233 номида мешавад ва ё дорои ҳар ду изотопест ба андозае, ки фоизи барзиёди маҷмӯи ин изотопҳо дар муқоиса бо изотопи уран-238 нисбат ба фоизи изотопи уран-235 дар муқоиса бо изотопи уран-238, ки дар табиат вомехӯрад, зиёдтар аст. "Объекти ядроӣ" аз инҳо иборат аст:
а) ҳама гуна реактори ядроӣ, аз он ҷумла реакторҳое, ки дар киштиҳои баҳрӣ, воситаҳои нақлиёт, дастгоҳҳои парвозкунанда ё объектҳои кайҳонӣ барои истифодабарӣ ба сифати манбаи барқ барои ба ҳаракат овардани чунин киштиҳо, воситаҳои нақлиёт, дастгоҳҳои парвозкунанда ё объектҳои кайҳонӣ ва ё ҳама гуна дигар мақсад насб карда шудаанд;
б) ҳама гуна иншоот ё воситаи ҳамлу нақл, ки барои истеҳсол, нигоҳдорӣ, азнавкоркардабароӣ ё интиқоли маводи радиоактивӣ истифода мегардад.
"Восита" аз инҳо иборат аст:
а) ҳама гуна воситаи таркандаи ядроӣ; ё
б) ҳама гуна воситаи паҳнкунандаи маводи радиоактивӣ ё афканандаи радиатсия, ки метавонад вобаста ба хусусиятҳои радиологии худ боиси марг, зарари вазнин ба саломатӣ ё зарари воқеӣ ба моликият ё муҳити зист гардад.
Моддаи 194(2). Ҳаракатҳои қасдона ба муқобили бехатарии дастгоҳи ядроӣ
1) Содир намудани ҳаракатҳои қасдона ба муқобили бехатарии дастгоҳи ядроӣ, инчунин ҳаракатҳои ба истифодабарии дастгоҳи ядроӣ халалрасонанда, ки таъсиррасонии шуоъи радиоактивӣ ё партовҳои маводи радиоактивӣ боиси хавфи марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии одамон ё ин ки расонидани зарари ҷиддӣ ба моликият ё ба муҳити зист мегардад,

2) Содир намудан ё таҳдиди содир намудани ҳаракатҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда бо мақсади маҷбур намудани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти байналмилалӣ ба содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ намудан аз он,
бо маҳрум намудан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Зери мафҳуми "дастгоҳи ядроӣ" дар моддаи мазкур дастгоҳе (инчунин биноҳо ва таҷҳизоти бо вай алоқаманде) фаҳмида мешавад, ки дар он истеҳсол, азнавкоркардабароӣ, истифодабарӣ, коркард, нигоҳдорӣ ё гӯронидани маводи ядроӣ амалӣ карда мешавад, агар зарар ё дахолат ба истифодабарии чунин дастгоҳ метавонад ба шуоъхӯрии зиёди радиоактивӣ ё партови зиёди маводи радиоактивӣ оварда расонад.
Моддаи 194(3). Ғайриқонунӣ тайёр кардани воситаи таркандаи ядроӣ ё воситаи афканандаи радиатсия
1) Ғайриқонунӣ тайёр кардани воситаи таркандаи ядроӣ ё воситаи паҳнкунандаи маводи радиоактивӣ ё афканандаи радиатсия, ки боиси хавфи марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии одамон ё ин ки расонидани зарари ҷиддӣ ба моликият ё ба муҳити зист мегардад,

2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шудааст,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюм ҳамин модда, агар:
а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
б) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шудаанд,

Эзоҳ: Шахсе, ки воситаҳои дар моддаи мазкур зикргардидаро бо ихтиёри худ месупорад, агар дар ҳаракати ӯ дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
Моддаи 194(4). Ҳамлу нақли ғайриқонунии моддаҳои тарканда, маводҳои радиоактивӣ, яроқи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ дар ҳавопаймо, киштӣ ё нақлиёти хушкигард
1) Ҳамлу нақли ғайриқонунӣ дар ҳавопаймо, киштӣ ё нақлиёти хушкигард:
а) ягон моддаи тарканда ё маводи радиоактивӣ, бо дарки он ки онҳо барои расонидан ё ба вуҷуд овардани таҳдиди расонидан ба марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё зарар бо мақсади тарсонидани аҳолӣ ё маҷбур намудани давлат ё ташкилоти байналмилалӣ ба содир намудани ягон ҳаракат ё худдорӣ аз он таъин гардидаанд;
б) ҳама гуна яроқи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ бо дарки он ки он яроқи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ мебошад;
в) ҳама гуна маводи ибтидоӣ, ки махсус таҷзия мешавад ё таҷҳизот ё маводе, ки махсус барои коркард, истифодабарӣ ва ё истеҳсоли маводи махсус таҷзияшаванда таъин ё тайёр карда шудаанд, бо дарки он ки онҳо барои истифода дар фаъолияти бо таркишҳои ядроӣ ё дигар фаъолияти ядроӣ алоқаманди бо кафолатҳои мувофиқи созишнома дар бораи кафолатҳои пурра бо Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ фаронагиранда, таъин гардидаанд; ва ё
г) ҳама гуна таҷҳизот, мавод ё таъминоти барномавӣ ё ин ки технологияи мувофиқ, ки саҳми назаррасро дар банақшагирӣ, истеҳсол ё расонидани яроқи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ мегузорад, бо нияти истифодаи онҳо ба ин мақсад,

2) Аз беэҳтиётӣ ба марг расондан ё расонидани зарари вазнин ба саломатии ягон шахс бинобар содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда,

Моддаи 194(5). Ғайриқонунӣ истифода бурдан ва ё партофтани моддаҳои тарканда, яроқи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ, моддаҳои хатарнок ва зараррасон аз киштӣ ё платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ
1) Ба муқобили киштӣ ё платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ ғайриқонунӣ истифода бурдан ё ин ки аз кишти ё платформаи стасионарии воқеи шелфи континенталӣ партофтани моддаҳои тарканда, маводи радиоактивӣ ё яроқи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ, ё ин ки нафт, гази моеи табиӣ ё дигар моддаи хатарнок ё зараррасон ба андоза ва ҳаҷме, ки он боиси марг ё зарари вазнин ба саломатӣ мегардад ё шуда метавонад,

2) Содир намудан ё таҳдиди содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда бо мақсади тарсонидани аҳолӣ ва ё маҷбур кардани давлат ё ташкилоти байналмилалӣ барои иҷрои ягон ҳаракат ё худдорӣ намудан аз он,

8. Моддаи 195(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 195’.Ғайриқонунӣ расонидан, ҷойгир намудан, ба кор андохтан ё таркондани воситаи тарканда ё воситаи дигари марговар
Ғайриқонунӣ ва қасдона расонидан, ҷойгир намудан, ба кор андохтан ё таркондани воситаи тарканда ё воситаи дигари марговар дар ҳудуди ҷойҳои истифодаи ҷамъиятӣ, объекти давлатӣ ё ҳукуматӣ, объекти системаи нақлиёти ҷамъиятӣ ё объекти инфрасохтор, инчунин ба тарзе, ки он ба муқобили онҳо равона шуда, боиси хавфи марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии одамон мегардад ё ин ки чунин ҷойҳо, объект ё системаро бағоят хароб сохта, зиёни калони иқтисодӣ мерасонад ё метавонад расонад,

Эзоҳ: Дар моддаи мазкур "воситаи тарканда ё воситаи дигари марговар" аз инҳо иборат аст:
а) яроқи тарканда ё оташбор ё воситае, ки дорои таъиноти расонидан ё қобили расонидан ба марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё зарари ҷиддии моддӣ мебошад;
б) яроқ ё воситае, ки бо усули раҳо, паҳн кардан ё таъсир расондан бо моддаҳои заҳрноки химиявӣ, агентҳои биологӣ ё заҳрҳо ва ё моддаҳои ба онҳо монанд ё ин ки радиатсия ё маводи радиоактивии дорои таъиноти расонидан ё қобили расонидан ба марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё зарари ҷиддии моддӣ мебошад.
9. Қисми якуми моддаи 402 дар таҳрири, зерин ифода карда шавад:
"1) Ҳамлаи қасдона ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналмилалии таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта ё аъзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти шахсоне, ки таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бинобар мақоми расмии онҳо ё бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтанн муносибатҳои байналмилалӣ содир шуда бошанд,

10. Дар матни Кодекси ҷинотии Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаҳои "амвол", "амволи", "амволе" ва "ашхос", "ашхоси", "ашхосе" мутаносибан ба калимаҳон "молу мулк", "молу мулки", "молу мулке" ва "шахсон", "шахсони", "шахсоне" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз ннтишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Презнденти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
18 июни соли 2008 № 386
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
16 апрели соли 2008 № 951
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе
5 июни соли 2008 № 482