ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 "Дар бораи қабул намудани Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди амал қарор додани он" қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, №12, қисми 2, моддаи 703; моддаи 704) банди 8 бо мазмуни зерин илова қа.рда шавад:
"8) молҳо барои иҷрои корҳо, ки барномаҳои корӣ ва сметаҳои хароҷот тибқи тартиби муқаррарнамудаи созишнома оид ба тақсими маҳсулот, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" тасдиқ гардидааст, пешбинӣ кардаанд. Дар сурати ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил шудани (ба истиснои содироти) ин молҳо боҷҳои гумрукӣ мутобиқи ин Кодекс ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешаванд. Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки дар сурати ба мақомоти гумрук пешниҳод намудани онҳо озод кардан аз пардохти боҷи гумрукӣ мутобиқи ин банд анҷом дода мешавад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
18 июни соли 2008 № 401
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
16 апрели соли 2008 № 949
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе
5 июни соли 2008 № 497