ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Мақсади Қонуни мазкур фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ барои амалӣ гардонидани ҳуқуқи ҳар шаҳрванд ба ҷустуҷӯи озодонаи иттилоот ва ба даст даровардани он, ҳамчунин таъмини ошкорои иттилоотии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилоту мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот - ҳуқуқи ҳар шаҳрванд ба ҷӯстуҷӯи озодонаи иттилоот ва ба даст даровардани он аз мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, дигар мақомоту ташкилотҳое, ки давлат ба онҳо ваколатҳои омирона додааст, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (минбаъдмақомот ва ташкилотҳо), шахсони мансабдори онҳо, ки ин иттилоотро қонунан дороянд;
манфиатдории ҷамъият - манфиати ҳар шахс, ки ба таъмини некӯаҳволӣ, устуворӣ, амният ва пешрафти собитқадамонаи ҷомеа алоқаманд аст;
ҳуҷҷат - иттилооте, ки дар шакли хаттӣ, аудиовизуалӣ, акустикӣ, электронӣ, оптикӣ ё дигар шакли барои эҳсоси бевосита муносиб бо маълумоте сабт шудааст, ки барои ҳамин шакли ҳуҷҷат муқаррар гардидааст;
ҳуҷҷати расмӣ - ҳуҷҷате, ки мақомот, ташкилот, шахси мансабдор дар доираи салоҳияти худ тартиб додааст ва бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шудааст;
иттилооти дастрасиаш маҳдуд - иттилооте, ки дастрасии он мутобиқи қонунгузорӣ дар бораи сирри давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки муносибатҳоро дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ танзим мегардонанд, ба манфиати таъмини амнияти миллӣ маҳдуд карда шудааст;
иттилоот - маълумот дар бораи шахс, ашё, факту ҳодисаҳо, зуҳурот, равандҳо ва мулоҳизаҳо доир ба онҳо, сарфи назар аз шаклҳои манзур гардидаашон.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
...