ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи сирри тиҷоратӣ
(Қонуни ҶТ аз 11.02.2025
№ 2151)
Қонуни мазкур он муносибатҳоеро, ки бо мансуб донистани иттилоот ба сирри тиҷоратӣ, додани чунин иттилоот ва ҳифзи махфияти он бо мақсади таъмини баробарии манфиатҳои дорандагони иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ ва дигар иштирокчиёни муносибатҳои танзимшаванда, аз ҷумла таъмини манфиатҳои давлат дар бозори мол, кор ва хизматрасонӣ иртибот доранд, танзим менамояд.
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри тиҷоратӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри тиҷоратӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (№ 2151).
Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур
Қонуни мазкур нисбат ба муносибатҳои вобаста ба мансуб донистани иттилоот ба сирри тиҷоратӣ, додан ва ҳифзи он бо мақсади таъмини манфиатҳои дорандагони чунин иттилоот татбиқ мегардад (№ 2151).
Муқаррароти Қонуни мазкур нисбат ба муносибатҳои ба маълумоти дорои сирри давлатӣ ва бонкӣ алоқаманд татбиқ намегардад.
Моддаи 3. Маҳфумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур маҳфумҳои асосии зайл истифода мешаванд:
- сирри тиҷоратӣ - махфияти иттилооте, ки имконият медиҳад ба дорандаи он дар ҳолати мавҷуда ё имконпазир даромадашро зиёд гардонад, ба хароҷоти беҳуда роҳ надиҳад, мавқеашро дар бозори мол, кор ва хизматрасонӣ нигоҳ дорад ё худ фоидаи дигари тиҷоратӣ ба даст орад;
- иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ - иттилооти илмӣ-техникӣ, технологӣ, истеҳсолӣ, молиявию иқтисодӣ ё худ дигар иттилооти дорои арзиши воқеӣ ё имконпазири тиҷоратӣ, ки бинобар сабаби онро надонистани шахсони сеюм, ки наметавонанд ин иттилоотро дар асоси қонун озодона дастрас намоянд ва нисбати он дорандаи чунин иттилоот низоми сирри тиҷоратиро ҷорӣ кардааст;
- низоми сирри тиҷоратӣ - тадбирҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, техникӣ ва дигар тадбирҳое, ки дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ барои ҳифзи махфияти он меандешад;
- дорандаи иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ - шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки соҳиби иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ буда, дастрасии ин иттилоотро маҳдуд ва ба он низоми сирри тиҷоратиро муқаррар кардааст;
...