Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июли соли 2002 № 278
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июли соли 2002 № 278
тасдиқ шудааст
Низомномаи гурӯҳи баамалбарории Лоиҳаи кам кардани хавфи рахнашавии кӯли Сарез дар назди Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Гурӯҳи баамалбарории Лоиҳаи кам кардани хавфи рахнашавии кӯли Сарез (минбаъд "Гурӯҳ" номида мешавад) сохтори ташкилӣ дар назди Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки чорабиниҳои қисмҳои Лоиҳаи кам кардани хавфи рахнашавии кӯли Сарезро ҳамоҳанг сохта, идоракунии воситаҳоро, ки барои ташкили мониторинг ва хабардорсозии саривақтӣ аз ҷониби донорҳо ҷудо гардидаанд, иҷро намуда, ҷидду ҷаҳди худро барои дастгирии стратегияи Ҳукумат оид ба кам кардани хавфи рахнашавии кӯли Сарез, дар асоси интихоби мутахассисони дараҷаи тахассусашон баланд, харидории мол ва хизматрасонӣ, алоқа бо ташкилотҳои байналмилалӣ, таъсиси маркази маълумоти иттилоотӣ, ҷамъоварии маълумот доир ба натиҷагирии тадқиқотҳои гузашта, расонидани ёрии техникӣ ба ташкилотҳои баамалбарории қисмҳои А (системаи назорат ва хабардорсозии саривақтӣ), В (қисми иҷтимоӣ) ва С (омӯзиши роҳҳои ҳалли мушкилоти дурнамои дарозмуддат) ҷалб шудаанд, равона месозад.
2."Гурӯҳ" фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур эътироф гардидаанд, амалӣ месозад.
3."Гурӯҳ" мутобиқи қонунгузории амалкунанда шахси ҳуқуқӣ ба шумор рафта, дорои моликият, баланси мустақил, мӯҳр, штамп бланкҳо бо номи худ бо забонҳои тоҷикию русӣ мебошад.
4. Мақсади асосии "Гурӯҳ" ҳамоҳангсозии татбиқи қисмҳои А, В ва С-и Лоиҳа буда ва дар асоси иҷрои онҳо кам намудани хавфи зисти аҳолӣ дар водиҳои дарёҳои Бартангу Панҷ мебошад.
5. Мутобиқи вазифаҳои ба зиммаи "Гурӯҳ" вогузоргардида, корҳои зеринро анҷом медиҳад:
-якҷоя бо кумитаи интихоботӣ, интихоби номзад ба вазифаи мутахассис оид ба харид ва молия, эксперти маҳалии техникии Лоиҳа ва тарҷумон;
-таъмин намудани мушовирони хориҷии Лоиҳа бо ҳисобот, харита, адабиёти нашршуда ва дигар мавод доир ба натиҷаи тадқиқоти қаблии масъалаҳои кӯли Сарез;
-идоракунии ҷории Лоиҳаи кам кардани хавфи рахнашавии кӯли Сарез, мониторинг, ҳамоҳангсозии ҷанбаҳои баамалбарории Лоиҳа, ҳалли масъалаҳои маъмурӣ;
...