Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 ноябри соли 2002 № 438
тасдиқ шудааст
Тартиби истифодаи киштиҳои хурдандоза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1. Ин тартиб қоидаҳои истифодаи киштиҳои хурдандоза (аз ҷумла бодбондор)-ро дар роҳҳои обии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
2. Қоидаҳои маҳаллии шинокунии хусусиятҳои ҳавзаҳои алоҳидаро инъикоскунанда ва қитъаҳои онҳо, инчунин дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳо интишор мешаванд, дар қисми таъмини бехатарии шиноварӣ набояд хилофи ин Қоидаҳо бошанд.
3. Навиштаҷот дар киштиҳо (литерҳо, рақамҳои қайд ва номи киштиҳо) бояд мутобиқи Қоидаҳои бақайдгирии киштиҳои дарёӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гарданд, ҳама гуна дигар навиштаҷот ё расмҳо, аз ҷумла дорои хусусияти рекламавӣ дар киштиҳо манъ аст.
2. Мафҳумҳои асосии дар ин тартиб қабулгардида
Киштии хурдандоза - киштии дарозиаш камтар аз 7 м, киштии белдор бошад, сарфи назар аз андоза;
Киштии худгард - ҳама гуна киштии тавассути дастгоҳи механикӣ ҳаракаткунанда;
Киштии бодбондор - ҳама гуна киштии бодбондор, аз ҷумла киштие, ки муҳаррики механикӣ дорад, ба шарте ки охирон истифода нагардад;
Ҳаракати бехатар - маневркунӣ ва боздоштани киштӣ дар доираи масофае, ки ҳолатҳои бамиёномада талаб менамоянд;
Киштии зудгард - ҳама гуна киштии худгард, ғайр аз киштиҳои зарфиятдор, ки қодир аст бо суръати 35 км/соат ва бештар ҳаракат кунад;
Суръати ҳадди ақал - суръати камтарини киштӣ, ки бо он киштӣ идоракуниро дар шароит ва ҳолатҳои дахлдор нигоҳ медорад;
Ҷудошавӣ - манёври гузаштани киштӣ аз киштии дигар ҳангоми ҳаракати рӯ ба рӯ;
Роҳ додан - ҳолати алоҳидаи ҷудошавӣ, ҳангоме ки ақаллан як киштӣ бозистодааст ё суръатро то ҳадди ақал паст кардааст;
Гардиш - гардиши киштӣ ба самти муқобил;
Роҳи киштӣ - фазои обӣ дар роҳи обии дохилӣ, ки барои ҳаракати киштиҳо таъин гардидааст ва дар маҳал (харита) нишон дода шудааст;
Канори роҳи киштӣ - хати шартие, ки пахнии рохи киштиро маҳдуд мекунад;
Меҳвари роҳи киштӣ - хати шартие, ки аз қисмати мобайни роҳи киштӣ мегузарад ё бо нишонаҳои киштигардӣ ишора шудааст;
Хати ҳаракат - қисми роҳи киштӣ байни меҳвар ва канори рост ё чапи он;
Роҳи асосии киштӣ - роҳи киштӣ, ки нисбати дигар роҳи киштӣ дар ин минтақа асосӣ мебошад;
Роҳи иловагии киштӣ - роҳи киштӣ, ки аз роҳи асосӣ дур шуда, барои ба соҳил, рейдҳо, бандарҳо, затонҳо ва ғайра наздик шудан таъин гардидааст;
Киштии ба боло ҳаркаткунанда - киштие, ки аз поёноб ба самти болооб ҳаракат мекунад;
Киштии ба поён ҳаракаткунанда - киштие, ки ба самти муқобили ҳаракати киштии ба боло ҳаракаткунанда ҳаракат мекунад.
3. Тартиби ҳаракати киштиҳои хурдандоза
1. Ҳар киштие, ки дар китоби киштии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта мешавад, бояд ном ва рақами худро дошта бошад. Ном ва рақами киштӣ дар ҳар ду тарафи қисми пеши киштӣ навишта мешаванд.
2. Дар шароити маҳдудияти камтар аз 1.0 км биноӣ инҳо иҷозат дода мешаванд:
- дар сурати камтар аз 100 м будани паҳнии роҳи киштӣ - ҳаракати киштиҳои якка танҳо ба боло;
- дар сурати аз 10 то 200 м будани паҳнии роҳи киштӣ - ба киштиҳои якка - ҳаракати дутарафа, ба ҳайатҳои телашаванда бошадҳаракат танҳо ба боло;
- дар сурати 200 м ва зиёдтар будани паҳнии роҳи киштӣ ба киштиҳо ва ҳайатҳои телашаванда - ҳаракати дутарафа (ба амадҳо дар ин шароит ҳаракат танҳо дар кӯлҳо ва обанборҳо иҷозат дода мешавад).
3. Дар каналҳо, сарфи назар аз паҳнии роҳи киштӣ, ҳаракати дутарафаи киштиҳои якка ва ҳайатҳои телашаванда танҳо дар сурати биноии ҳар ду соҳил аз рӯи траверз ва на камтар аз ду дарозии киштии (ҳайати) ҳамсамт иҷозат дода мешавад.
4. Гузаштани киштиҳо ва ҳайатҳои телашаванда аз зери купрук танҳо бо шарте иҷозат дода мешавад, ки равоқҳои киштигард воситаҳои таҷҳизоти киштигардие дошта бошанд, ки имком медиҳанд ин равоқҳо аз масофаи на камтар аз 0.5 км дақиқ шинохта шаванд ва ҳангоми ба онҳо наздик шудан мавқеъ боэътимод муайян карда шавад (визуалӣ ё бо ёрии воситаҳои техникӣ). Зимнан паҳнии равоқҳои киштигард бояд андозаи зерин дошта бошад:
- барои киштиҳои якка ва ҳайатҳои яккаи телашаванда - на камтар аз панҷ баробари паҳнии киштӣ (ҳайат);
- барои дигар ҳайатҳои телашаванда - на камтар аз се баробари паҳнии ҳайат.
5. Киштие, ки дар дарё амадро мекашад, дар сурати биноии камтар аз 1.0 км метавонад ҳаракатро танҳо то ҷойи наздиктарини истгоҳ давом диҳад.
6. Киштиҳо ҳангоми ҳаракат ба як самт, дар шароити маҳдудияти биноӣ камтар аз 1.0 км, агар онҳо аз ҳамдигар гузаштанӣ набошанд, бояд байни худ фосилаи бехатарро риоя кунанд, ки он дар ҳар сурат бояд на камтар аз роҳи панҷкаратаи боздорӣ (тормоз) барои суръати дахлдор бошад.
7. Киштиҳои хурдандозае, ки якка ҳаракат мекунанд ё бо киштиҳои хурдандоза кашида (тела) мешаванд, инчунин киштиҳои бодбондор бояд берун аз роҳи киштӣ (хатҳои муқарраргардидаи ҳаракат ё самтҳои тавсияшуда дар қиъаҳои дорои системаи кардиналии таҷҳизоти киштигардӣ) ҳаракат кунанд. Дар сурате ки, агар тибқи шартҳои роҳ чунин ҳаракат ғайриимкон бошад, онҳо метавонанд бо роҳи киштӣ, қад-қадди канори рости роҳи киштӣ дар доираи то 10 м аз он дар як қатор ҳаракат кунанд. Зимнан онҳо набояд ба ҳаракат ва манёври киштиҳои ғайри хурдандоза дар роҳи киштӣ халал расонанд, барои ин онҳо ӯҳдадоранд пешакӣ аз роҳи онҳо бе истифодаи сигналҳои садоӣ ва биноӣ дур шаванд.
8. Киштиҳои хурдандоза ва бодбондор дар мавриди зарурат метавонанд роҳи киштӣ (хати ҳаракат, самти тавсияшуда)-ро бурида гузаранд, инчунин роҳи киштиро, чун қоида, дар қисми ақиби киштиҳои хурдандоза бурида гардиш кунанд. Чунин манёвр пеш аз киштиҳои наздикшудаистода бояд на камтар аз 0.5 км аз онҳо анҷом дода шавад.
Убур бояд зери кунҷи наздиктар ба кунҷи рост ва дар мӯҳлати кӯтоҳтарин анҷом дода шавад.
Дар ҳолати убури роҳи киштӣ дар ҷойи пешбинишуда ин шартҳо бояд ҳамчунин риоя карда шаванд.
9. Гузариши киштиҳои хурдандоза ва бодбондор аз тариқи шлюзҳо мутобиқи муқаррароти гузариши киштиҳо аз тариқи онҳо сурат мегирад.
10. Ба киштиҳои хурдандоза ва бодбондор, ба истиснои ҳолатҳое ки онҳо супоришҳои истеҳсолиро иҷро мекунанд, инҳо манъ карда мешаванд:
- бозистодан ё лангар партофтан дар ҳудуди роҳи киштӣ (хати ҳаракат, самти тавсияшуда), инчунин дар наздикии нишонаҳои шинокунандаи киштигардӣ;
- бозистодан дар наздикии бандарҳои мусофирон ва борҳо, истгоҳҳо дар масофаи камтар аз 200 м, болотар ё поёнтар аз онҳо, ба роҳи киштӣ баромадан дар сурати биноии маҳдуди камтар аз 1.0 км, ба киштиҳои бодбондор бошад, ғайр аз ин шабона низ.
- ҳаракат дар роҳҳои киштигарди дохилии киштиҳо, амадҳо ва дигар воситаҳои худгарди шинокунанда;
- киштии зудгарди хурдандоза дар шароити биноии маҳдуди камтар аз
0.5 км, инчунин дар вақти торики шабонарӯз, ҳангоме ки бе ёрии ягон восита нишонаҳои равшаннашавандаи раҳнамо дар масофаи камтар аз 0.5 км дида мешаванд, метавонад танҳо дар ҳолати ғунҷоиш ҳаракат намояд.
11. Ба киштиҳои хурдандоза ва бодбондор шинокунӣ дар роҳи киштӣ берун аз хати 10-метра метавонад танҳо ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳои муташаккил, бо шарти мувофиқа шудан бо мақомоти танзимкунандаи киштигардӣ, иҷозат дода шавад.
12. Дар акваторияҳои бандарҳо, дар каналҳо ва қитъаҳои алоҳидаи роҳ шинокунии киштиҳои хурдандоза ва бодбондор метавонад бо қоидаҳои маҳаллӣ манъ ё маҳдуд карда шавад, ё ки дар онҳо метавонанд хатҳои алоҳидаи ҳаракат муқаррар карда шаванд.
13. Киштиҳои хурдандоза ва бодбондор ҳангоми шинокунӣ дар обанборҳо, кӯлҳо ва дар минтақаҳои дорои системаи кардиналии таҷҳизоти киштигардӣ дар сурати биноии маҳдуд, ӯҳдадоранд пешакӣ аз тариқи алоқаи радиоӣ ё тавассути парчамҳо дар хусуси ҷойи мувофиқтари аз паҳлуи ҳамдигар гузаштан ба мувофиқа расанд ва ҷудошавиро танҳо аз тариқи паҳлуҳои чап анҷом диҳанд.
14. Ҳар як киштӣ бояд ҳамеша бо суръати бехатар ҳаракат кунад, то ки он тавонад барои таъмини бехатарии шинокунӣ дар шароит ва ҳолатҳои мавҷуда чораҳои зарурӣ ва самарабахш андешад.
15. Ҳангоми интихоби суръати бехатар илова ба дигар омилҳо ҳамаи киштиҳо зарур аст, ки инҳоро ба эътибор гиранд:
- таносуби андозаи роҳ ва киштӣ;
- мавҷудият ва шиддати ҳаракати киштиҳо дар минтақаи дахлдор;
- имкониятҳои манёврии киштӣ ва гардишнокӣ дар шароити дахлдор:
- самт ва қувваи маҷро, бод ва мавҷ;
- ҳолати биноӣ ва мавҷудияти заминаи рӯшноӣ - чи аз чароғҳои соҳил ва чи аз чароғҳои худ, мавҷудияти нишонаҳои киштигардӣ.
4. Шинокунии киштиҳое, ки ба назари ҳамдигар наменамоянд
1. Ин қоидаҳо ба киштиҳое дахл доранд (аз ҷумла киштиҳои бе радиолокатор, радиостансияҳои МУК), ки ҳангоми шинокунӣ дар минтақаҳои биноии маҳдуд ё дар наздикии чунин минтақаҳо ба назари ҳамдигар наменамоянд.
2. Дар минтақаҳои биноии маҳдуд ё дар наздикии онҳо киштиҳо бояд сигналҳои зерин диҳанд:
- киштии бо муҳаррики механикӣ ҳаракаткунанда, вале нисбати об беҳаракат (ҳангоми дрейф), дар фосилаи на бештар аз 2 дақиқа - ду садои давомдор.
- киштие, ки имконияти ҳаракат кардан надорад, ба моҳидорӣ машғул аст, инчунин киштии бодбондори дарозиаш 7 м ва бештар ҳангоми ҳаракат дар фосилаи на бештар аз 2 дақиқа - як сигнали давомдор ва ду сигнали кӯтоҳи садоӣ.
3. Ҳар як киштӣ бояд бо суръати бехатаре, ки барои ҳолатҳои аксаран рӯйдиҳанда ва шароити биноии маҳдуд муқаррар шудааст, ҳаракат кунад, киштии дорои муҳаррики механикӣ бояд мошинҳои худро дар ҳолати омода барои манёври фаврӣ нигоҳ дорад. Киштии зудгард бояд дар ҳолати ғунҷоиш танҳо то ҷойи наздиктарини истгоҳи бехатар ҳаракат кунад.
4. Ҳар як киштие, ки аз рӯи траверзи (шинокунӣ ба самти маҷрои об) дидашавандаи пеш аз худ сигнали тумании киштии дигарро мешунавад ё наметавонад наздикшавии аз ҳад зиёдро бо киштии дигари пеш аз траверз буда пешгирӣ намояд, бояд ҳаракатро то ҳадди ақал оҳиста кунад ва агар зарур бошад, ҳаракатро боздорад ва дар ҳар сурат то аз байн рафтани хатари бархӯрдаи хеле эҳтиёткорона амал кунад.
5. Қоидаҳои ҷудошавӣ ва аз ҳамдигар гузаштани киштиҳои хурдандоза ва бодбондор
1. Киштии хурдандоза ва бодбондоре, ки ба дигар киштӣ дар бахши чароғи (чароғҳои) қисми пеши он, яъне аз самти бештар аз 22.3 дараҷаи оқиби траверз наздик мешавад, сарфи назар аз он ки киштӣ муҳаррикдор ё бодбондор аст ва метавонад аз атрофи киштии гузашташаванда худро дар канори роҳи он қарор дода, ба тариқи зайл гузарад, гузаранда мебошад:
- дар роҳи киштӣ - танҳо аз тарафи чапи борти он; киштии хурдандозаи гузашташаванда бояд суръатро паст карда, ба ҳарчи зудтар гузаштан мусоидат намояд (зимнан дар траверз ҳамзамон қарор доштани зиёда аз ду киштӣ манъ аст);
- берун аз роҳи кишти, ҳангоми убури он ва дар қитъаҳои дорои системаи кардиналии таҷҳизоти киштигардӣ - аз тариқи ҳама гуна паҳлу (борт).
2. Ҳангоме ки ду киштии хурдандозаи муҳаррикдор ба ҳамдигар наздик мешаванд ё қариб рост рӯ ба рӯи ҳамдигар ҳаракат мекунанд, онҳо бояд аз тариқи пахлуҳои (бортҳои) чап аз ҳам ҷудо шаванд.
3. Ҳангоме ки ду киштии хурдандозаи муҳаррикдор дар самти убур ба ҳам наздик мешаванд, киштие, ки дар тарафи росташ киштии дигар аст, бояд ба он роҳ диҳад.
4. Ҳангоме ки киштии муҳаррикдор бо киштии бодбондор тавре наздик мешавад, ки хатари бархӯрдан ба миён меояд, киштии муҳаррикдор бояд ба киштии бодбондор роҳ диҳад.
5. Киштиҳои зудгард ҳангоми ҳаракати рӯ ба рӯ бояд байни ҳамдигар танҳо аз тариқи паҳлуҳои (бортҳои) чап чудо шаванд, зимнан аввал киштие сигнал медиҳад, ки ба боло ҳаракат мекунад.
6. Ҷудошавӣ ва пешгузарии киштиҳои хурдандоза ва бодбондор бе сигналдиҳӣ сурат мегирад, зимнан онҳо амалҳои худро метавонанд бо сигналҳои садоии манёври нишонаи киштии хурдандоза (аз ҷумла бодбондор) дар роҳҳои обии дохилӣ нишон диҳанд ва бояд бо дарназардошти талаботи тамоми бандҳои дар ин ҳуҷҷати меъёрӣ баёнгардида истифода шаванд.
6. Чароғҳо, нишонаҳо ва сигналҳои киштиҳои хурдандоза ва бодбондор
1. Сигналҳое, ки киштиҳо ҳангоми ба ҳамдигар намудор будан истифода мебаранд, мафҳумҳои зерин доранд:
- як садои кӯтоқ - Ман самти худро ба тарафи рост тағийр медиҳам:
- ду садон кӯтоҳ - Ман самти худро ба тарафи чап тағийр медиҳам;
- чор садои кӯтоҳ - Ман гардиш карданиям - Ман истоданиям;
- як садои кӯтоҳ ва як садои давомдор - Хоҳиш мекунам суръатро баланд кунед;
- як садои давомдор ва як садои кӯтоҳ - Хоҳиш мекунам суръатро паст кунед;
- як садои давомдор, як садои кӯтоҳ ва як садои давомдор - Хоҳиш мекунам аз тариқи радио алоқа кунед;
- ҳаракати уфуқии парчам - сигнали рӯзона, чароғи сафед шабона - Хоҳиш мекунам бозистед;
- як садои давомдор, як садои кӯтоҳ - Ман шуморо нафаҳмидам;
- киштии мусофирбар метавонад ҳангоми ба бандар наздик шудан: як садои давомдор, ҳангоми аз бандар ҳаракат кардан - як садои давомдор ва се садои кӯтоҳ диҳад;
- се садои сигналии давомдор - Берун аз паҳлуи (борти) киштӣ одам.
2. Сигналҳо ҳангоми биноии маҳдуд бояд дар фосилаи бештар аз 2 дақиқа як сигнали давомдор дода шаванд.
3. Киштии дигар киштиҳо ё амадҳоро телакунанда ё кашолакунанда, ҳангоми биноии маҳдуд дар фосилаи на бештар аз 2 дақиқа бояд як садои давомдор ва ду садои кӯтоҳ диҳад.
4. Сигналҳои садоии ба воситаи зангула ё предмети металлӣ садодиҳанда бояд дар масофаи на камтар аз 2.0 км шунида шавандҳангоми садо додан аз киштии дарозиаш 20 м ва бештар, дар масофаи 1.0 км - дар сурати садо додан аз киштии дарозиаш камтар аз 20 м.
5. Сигналҳои садоӣ шабона бо равшанӣ дубл мешаванд, зимнан нури равшанӣ набояд киштиронҳои дигар киштиҳоро кӯр кунад.
6. Киштии ғайрихудгард бо сарнишинон барои додани сигналҳои садоӣ зангула ё предмети металлӣ дорад.
7. Истилоҳи "садои кӯтоҳ" мафҳуми садои давомнокиаш тақрибан 1 сонияро дорад, "садои давомнок" бошад, мафҳуми садои давомнокиаш аз 4 то 6 сонияро дорад.
8. Додани сигналҳои садоӣ дар маҳалҳои калони аҳолинишин ва дар баъзе қитъаҳои роҳ (ғайр аз сигналҳо барои пешгирии ҳолатҳои садама) метавонад бо қоидаҳои маҳаллӣ маҳдуд карда шавад.
9. Киштии хурдандозаи бо бел, бодбон ё буксир ҳаракаткунанда бояд чароғи сафеди мудаввари фурӯзон дошта бошад ё ҳангоми наздикшавии киштиҳои дигар онро нишон диҳад; киштии хурдандозаи бодбондор метавонад чароғҳои фурӯзон дошта бошад, агар ду киштии бодбондор тавре ба ҳамдигар наздик шаванд, ки хатари бархӯрдан ба миён ояд. Яке аз онҳо ба дигаре ба тариқи зайл роҳ медиҳад: ҳангоме ки киштиҳо ба галсҳои гуногун ҳаракат мекунанд (самти киштиҳои бодбондор ба самти бод), киштии аз тариқи галси чап ҳаракаткунанда бояд ба киштии дигар роҳ диҳад; ҳангоме ки ҳар ду киштӣ ба як галс ҳаракат мекунанд, киштии дар муқобили бод қарордошта бояд ба киштии дар самти бод қарордошта роҳ дихад; агар киштии ба галси чап ҳаракаткунанда аз тарафи бод киштии дигар дошта бошад ва натавонад муайян кунад, ки ин киштии дигар ба галси чап ё рост ҳаракат мекунад, он гоҳ он набояд ба ин киштӣ роҳ диҳад.
10. Киштии хурдандозаи дорои муҳаррики статсионарӣ ё насбшуда, сарфи назар аз иқтидори он, ҳангоми ҳаракат бояд чарогҳои паҳлуӣ (бортӣ) ва қисми пеш дошта бошад; чароғҳои паҳлуӣ (бортӣ) метавонанд дар як чароғ якҷоя карда шаванд.
11. Киштии бодбондори дарозиаш 7 м ва бештар ҳангоми ҳаракат бояд инҳоро дошта бошад:
- чарогҳои паҳлуӣ (бортӣ);
- чарогҳои қисми пеш;
- ду чароғи мудаввари ба таври амудӣ ҷойгиршуда (дар боло сурх, дар поён сабз) дар наздикии нӯги сутуни киштӣ ё ҳангоми наздикшавии дигар киштиҳо бодбонро бо равшании сафеди милт-милткунанда равшан кунад.
12. Киштии дорои муҳаррики механикӣ, ки бо симтаноб ба кашола кардан машғул машғул аст, бояд инҳоро дошта бошад:
- ду чароғи паҳлуии (бортии) амудӣ ҷойгиршуда;
- чароғҳои паҳлуӣ (бортӣ);
- як чароғи қисми ақиби диаметрӣ ҷойгиршуда ва чароғи буксирӣ дар болои он:
- ҳангоми кашола кардани амад, баржаҳо ё ҳайати омехта се чароғи болоии амудӣ ҷойгиршуда.
13. Киштии хурдандоза ё бодбондор ҳангоми дар лангар истодан дар ҷое, ки дигар киштиҳо метавонанд шино кунанд, бояд як чароғи сафеди мудаввар дошта бошад.
14. Киштии хурандоза ё бодбондори дар кӯлҳо ва обанборҳо ба моҳидорӣ, ба корҳои ғаввосӣ ё дигар корҳо машғулбуда, ки ҳангоми иҷрои онҳо доштани чароғҳои (нишонаҳои) иловагӣ пешбинӣ шудааст, бояд онҳоро мутобиқи хислати корҳои иҷрошаванда дошта бошад. Киштии моҳидории бо асбобу анҷоми моҳидорӣ истода ва бо тури ба об партофта ба самти маҷро шинокунанда дар дарёҳо бояд дар сутуни киштӣ ҳангоми кор дар тарафи рости соҳил - ду чароғи сурх, дар тарафи чап - ду чароғи мудаввари сафеди амудӣ ҷойгиршуда дошта бошад; рӯзона бошад, мутобиқан - ду парчами сигналии сурх ё ду парчами сафед. Қад-қадди асбобу анҷоми моҳидории ба об партофташуда дар фосилаи ҳар 100 м бояд дар қаиқҳо ё дигар асбобҳо чароғҳои мудаввари дорои ҳамин рангҳо ба монанди, рангҳои нишонаҳои дахлдори киштигардии шинокунанда гузошта шаванд.
Киштӣ бояд пешакӣ киштиҳои аз наздикӣ гузарандаро бо сигналҳои зерин огоҳ кунад: шабона ҳангоми кор дар тарафи рости соҳил - бо милт-милт кардани чароғи сурх, дар тарафи чапи соҳил - бо милт-милт кардани чароғи сафед; рӯзона бо парчами сурх ё сафед - мутобиқан сингал додан.
Киштии аз наздикӣ гузаранда бояд тарафи гузаришро бо додани сигнал аз паҳлуи (борти) дахлдор тасдиқ намояд.
Киштии дар кӯлҳо ва обанборҳо, инчунин дар қитъаҳои дорои системаи кардиналии таҷҳизоти киштигардӣ ба моҳидорӣ машғулбуда бояд инҳоро дошта бошад:
- ҳангоми траландозӣ - ду чароғи мудаввари амудӣ ҷойгиршуда (дар боло сабз, дар поён сафед): рӯзона - нишони иборат аз ду конуси сиёх бо қӯллаҳои якҷоя (дар сурати дарозии киштӣ 20 м будан ба ҷойи нишони зикршуда метавон сабад гузошт);
- ҳангоми дигар усулҳои моҳидорӣ - ду чароғи мудаввари амудӣ ҷойгиршуда (дар боло сурх, дар поён сафед).
15. Ба киштиҳои ба моҳидорӣ машғулбуда инҳо манъ аст:
- партофтани асбобу анҷоми моҳидорӣ дар ҳудуди бештар аз нисфи роҳи киштӣ;
- партофтани асбобу анҷоми моҳидорӣ дар роҳи киштӣ дар масофаи камтар аз 1.0 км биноӣ;
- оғоз намудани партофтани асбобу анҷоми моҳидорӣ пеш аз киштиҳои наздикшудаистода.
16. Киштии хурдандоза ё бодбондоре, ки дар сари роҳи ҳаракати дигар киштиҳо аз ҳаракат мондааст ё идора карда намешавад, бояд пешакӣ дар ин бора ба таври зайл огоҳ кунад:
- рӯзона ба тариқи дар болои сар давр занондани предмети дидашаванда; шабоша ба тариқи давр занондани чароғи сафед. Илова ба ин сигналҳо метавонад сигнали садоӣ дода шавад (сигнали Огоҳӣ). Сигнали огоҳии киштӣ дар бораи хатаре, ки бинобар он аз киштӣ талаб карда мешавад чора андешад (аз ҷумла боздоштани ҳаракат), на камтар аз панҷ садои кӯтоҳ иборат аст.
17. Киштии ғайрихудгард дар сурати набудани асбобҳои дахлдори сигнали садоӣ бояд зангула ё предмети металлӣ - барои додани сигналҳои садоӣ дошта бошад ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба тариқи зарбаҳои зуд-зуд ба зангула ё предмети металлӣ сигнал диҳад.
7. Киштии хурдандозаи ба фалокат дучоршуда
1. Киштии хурдандоза ё бодбондори ба фалокат дучоршуда ё ба кӯмак эҳтиёҷдошта метавонад сигнал диҳад, кӯмак талабад ва сигналҳои зеринро истифода барад ё нишон диҳад:
- садои муттасил бо ҳама гуна асбоби барои додани сигнал таъингардида, инчунин зарбаҳои муттасили зуд-зуд ба зангуза ё предмети металлӣ;
- зуд-зуд милт-милт кардани чароғи мудаввар, прожектор ё ҳаркати амудии парчам ё чароғ (ба болою поён);
- ракетаҳои ситорачаҳои сурх партоянда, ки дар фосилаи кӯтоҳ якто-якто паронда мешаванд;
- оташ аз киштӣ аз бушкаи кир ё мазут ва ғайра;
- оҳиста-охиста ва такрор ба такрор бардоштану фаровардани дастҳои ба канор росткардашуда;
- хабари радиотелефонӣ аз фалокат. Истифода намудан ё нишон додани сигналҳои зикршуда дар ҳолатхои дигар, ба ҷуз ҳолатхои фалокат ва зарурати кӯмак манъ аст.
2. Киштии бодбондори дарозиаш 7 м ва бештар бояд асбоби сигнали садоие дошта бошад, ки садои кӯтоҳ ва садои давомдори дар масофаи на камтар аз 1.0 км шунидашаванда дода тавонад.
3. Дар сурати биноии маҳдуд дар обанборҳо, кӯлҳо ва қитъаҳои дорои системаи кардиналии таҷҳизоти киштигардӣ киштиҳои хурдандоза ва бодбондор ҳангоми ҳаракат ва бозистодан бояд сигналҳои садоӣ диҳанд, дар сурати набудани онҳо бошад, асбобҳои дахлдори сигнали садоӣ ё предмети металлӣ дошта бошанд.
4. Дар акватория ва дар хати соҳил дар ҳудуди роҳи обии онҳо гузоштани киштиҳои беназорат манъ аст.
8. Ҳуҷҷатҳои киштӣ
1. Ҳуҷҷатҳои киштӣ аз инҳо иборатанд:
- Шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият ба киштӣ;
- Шаҳодатиомаи ҳукуқи шинокунии киштӣ таҳти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Шаҳодатномаи коршоямии киштӣ барои шинокунӣ бо нишон додани гурӯҳи (класси) он;
- Молик ва рӯйхати аъзои сарнишинони киштӣ;
- Шаҳодатномаи санитарию бехатарӣ аз сӯхтори киштӣ.
2. Кашондани мусофирон ва борҳо аз тариқи роҳҳои обҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар киштиҳо тавассути киштиҳои литсензиядор ва ҷавобгӯи талаботи коидаҳои истифодаи техникии нақлиёти дарёӣ, ки Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудааст, анҷом дода мешавад.
3. Назорати бехатарии шинокуниро дар роҳҳои киштигарди дохилӣ бозрасии нақлиётии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад ва он ҳуқуқҳои зерин дорад:
- муоинаи тамоми намудҳои воситаҳои шинокунанда ва иншоотҳои дар роҳҳои киштигардӣ қарордошта ва додани дастур ба моликони онҳо, киштиронҳои воситаҳои шинокунанда дар бобати бартараф намудани камбудиҳои ҳангоми муоина ошкоргардида;
- боздоштани ҳаракати воситаҳои шинокунанда дар қитъаҳои муайяни роҳ дар сурати вуҷуд доштани ҳама гуна таҳдид ба бехатарии шинокунии дигар киштиҳо, инчунин ҳангоми риоя нагардидани талаботи ин Тартибҳо.
9. Фаъолияти молиявию хоҷагӣ
1. Масъалаҳои фаъолияти молиявию хоҷагии киштиҳои хурдандозапардохт барои хизматрасонӣ, тарифҳо ва андозҳо дар асоси санадҳои дахлдори қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
10. Масъулияти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки киштиҳои хурдандоза ва дигар воситаҳои шинокунандаро истифода мебаранд
1. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, аз ҷумла шахсони хориҷие, ки киштиҳо, амадҳо ва дигар воситаҳои шинокунандаро истифода мебаранд, барои оқибатҳое, ки метавонанд дар натиҷаи иҷро накардани талаботи муқаррарнамудаи ин Тартиб ё аз риоя накардани ягон эҳтиёткорие, ки риояи онро таҷрибаи киштиронӣ ё ҳолати махсуси вазъияти дахлдор талаб менамояд, рӯй диҳанд, масъуланд.
11. Масъулияти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки воситаҳои шинокунанда ва иншоотҳоро истифода мебаранд
1. Субъектҳои хоҷагие, ки дар ихтиёри онҳо купрукҳо, сарбандҳо ва дигар иншоотҳои роҳҳои обии дохилӣ қарор доранд, ӯҳдадоранд:
- аз ҳисоби маблағҳои худ иҳотаи киштигардӣ (нишонаҳои статсионарӣ ва шинокунанда) ва гузариши бехатари киштиҳоро дар минтақаи иншоотҳо, гузариши обро аз обанборхо мутобиқи қоидаҳои тасдиқгардида таъмин намоянд;
- бо мувофиқаи мақомоти ҳифзи табиат чуқур намудан ва тоза кардани қаърро дар минтақаи иншоотҳо таъмин намоянд;
- сохтмони майдончаҳо барои истгоҳ ва терминалҳоро барои кашондани мусофирон ва борҳо бо мақомоти ҳифзи табиат мувофиқа намоянд.