Оинномаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2008, № 215

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 майи соли 2008 № 215

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 майи соли 2008 № 215

тасдиқ шудааст

Оинномаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.01.2014 № 57, аз 8.07.2017 № 342, аз 31.08.2020 № 487, аз 28.03.2022 № 129, аз 27.09.2025 № 215)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.01.2014 № 57, аз 8.07.2017 № 342, аз 31.08.2020 № 487, аз 28.03.2022 № 129, аз 27.09.2025 № 215)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (минбаъд Академия) муассисаи давлатии худидораи илмӣ буда, дар фаъолияти худ ҳалли масъалаҳои банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ, роҳбарии илмию методии рушди тадқиқотҳои афзалиятноки бунёдӣ ва амалии соҳаи кишоварзӣ, истифодаи пурсамари дастовардҳои илм ва тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисосро таъмин менамояд.

2. Академия дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Оиннома ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшударо ба роҳбарӣ мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.07.2017 № 342).

3. Академия шахси ҳуқуқӣ мебошад. Номи пурраи муассиса Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва номи мухтасари он АИКТ аст.

4. Муассиси Академия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Муассис) мебошад.

5. Академия ба Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати кишоварзӣ шомил буда, дар робитаи наздик бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, мавзӯъҳои тадқиқотиро бо он мувофиқа менамояд, бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазоратҳо ва дигар идораҳо ҳамоҳанг месозад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2020 № 487).

...

Приложение 1

 Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 2 мая 2008 г. № 215

Приложение 1

 Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 2 мая 2008 г. № 215

УСТАВ ТАДЖИКСКОЙ АКАДЕМИИ СЕЛЬСКОХОЗЯЙСТВЕННЫХ НАУК

(в редакции постановления Правительства РТ от 07.01.2014г. №57, от 08.07.2017г.№342, от 31.08.2020г.№487, от 28.03.2022г.№129 от 27.09.2025 №503)

(в редакции постановления Правительства РТ от 07.01.2014г. №57, от 08.07.2017г.№342, от 31.08.2020г.№487, от 28.03.2022г.№129 от 27.09.2025 №503)

I. Общие положения

1.Таджикская академия сельскохозяйственных наук (далее Академия) является самоуправляемым государственным научным учреждением, обеспечивающим решение вопросов планирования, координации, научно-методическое руководство развития важнейших фундаментальных и прикладных исследований в области сельского хозяйства, повышения эффективности использования научных достижений и подготовки научных кадров высшей квалификации.

2.Академия в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан и другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, настоящим Уставом и международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан.

3.Академия является юридическим лицом. Полное название организации - Таджикским академия сельскохозяйственных наук, сокращенное - ТАСХН.

4.Учредителем Академии (далее - Учредитель) является Правительство Республики Таджикистан.

5. Академия входит в Перечень организаций системы Министерства сельского хозяйства и работает в тесном контакте с Министерством сельского хозяйства Республики Таджикистан, согласовывая с ним тематику исследований и координирует с Национальной академии наук Таджикистана, министерствами и другими ведомствами (в редакции постановления Правительства РТ от 31.08.2020г.№487).

...