Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 апрели соли 2008
№ 191 тасдиқ шудааст
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 апрели соли 2008
№ 191 тасдиқ шудааст
Низомномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2009 № 139, аз 29.04.2009 № 277, аз 2.09.2010 № 434, аз 30.04.2011 № 236, аз 08.10.2012 № 570, аз 1.08.2014 № 515, аз 5.12.2014 № 766)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Вазорат) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия мебошад, ки таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи кишоварзӣ ба амал мебарорад.
2. Вазорат фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунхои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома амалӣ менамояд.
3. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар корхонаю муассисаҳо анҷом медиҳад.
4. Вазорат вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
- таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ;
...