Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2008

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ

ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Паёме, ки ҳоло доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури шумо мегардад, давоми мантиқии паёмҳои солҳои пешини Президент ба мақоми олии қонунбарори мамлакат мебошад.

Зеро мо ҳанӯз дар роҳи татбиқи вазифаву ҳадафҳои стратегие қарор дорем, ки солҳои гузашта барои худ муайян кардаем.

Аксари ин ҳадафу вазифаҳо барои мӯҳлатҳои тӯлонӣ пешбинӣ шудаанд ва мо ҳар сол ҷараёни иҷрои онҳоро баррасӣ карда, мувофиқи вазъи бавуҷудомадаи иқтисодиву иҷтимоии кишварамон, инчунин бо дарназардошти таҳаввулоти ҷаҳони муосир як қисми онҳоро такмил медиҳем ва мақсадҳои навро муайян ва мушаххас месозем.

Дар ин раванд суръатбахшии ислоҳоти иқтисодиро, ки ба рушди тамоми соҳаҳои истеҳсоливу иҷтимоии кишвар нигаронида шудааст, вазифаи муҳимтарини худ медонем.

Ҷиҳати ноил гардидан ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009 қабул гардид ва мақсад аз онҳо то дуюним баробар афзоиш додани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ ва ду баробар паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад.

Сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат дар навбати аввал ба таъмин кардани рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, беҳбудӣ бахшидан ба ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои тарбияи насли солиму бомаърифат равона шудааст.

Доир ба корҳои анҷомдодаамон пеш аз ҳама бояд гуфт, ки солҳои охир дар натиҷаи амалӣ гардонидани тадбирҳои барномаҳои қабулшудаи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварамон пешрафти бонизом ва устувори иқтисоди миллӣ вусъат ёфта истодааст: дар ҳафт соли охир маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 81 фоиз афзуда, танҳо соли гузашта ҳаҷми он нисбат ба соли 2006-ум 7,8 фоиз зиёд гардид.

Татбиқи чорабиниҳои дар самти сиёсати молия ва андоз пешбинишуда ба афзоиши даромади буҷети давлатӣ мусоидат намуд: ҳаҷми умумии он соли гузашта 19 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил кард.

Тамоюли камшавии қарзи беруна дар соли 2007-ум идома ёфт: агар соли 2000-ум ҳаҷми умумии он 108 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилироя ташкил карда бошад, пас дар аввали соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 30 фоиз баробар гардид.

Вале дар ин роҳ баъзе монеаву омилҳо, аз ҷумла омилҳои берунӣдар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир болоравии нархи маҳсулоти нафту газ, маводи ғизоӣ ва ҳодисаҳои экологию техногенӣ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварамон таъсири манфӣ расонида, моро водор месозанд, ки дар хусуси ҳарчи зудтар амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии худ - таъмин кардани истиқлолияти энергетикии мамлакат, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани он ва таъмини амнияти озуқавории кишварамон тадбирҳои иловагии фаврӣ андешем.

Ҳамчунин бӯҳрони энергетикӣ, ки бинобар сардии шадиду тӯлонии зимистони гузашта ба миён омад ва таърихи мамлакат чунин ҳодисаро ёд надорад, инчунин беборишӣ ва паҳн шудани ҳашароти зараррасон, ки нишонаи гармиву хушксолӣ мебошад, ба вазъи зиндагии мардуми мо таъсири манфӣ расонид.

...

Послание Президента

Республики Таджикистан

Эмомали Рахмона Маджлиси Оли

Республики Таджикистан

 

Послание Президента

Республики Таджикистан

Эмомали Рахмона Маджлиси Оли

Республики Таджикистан

 

Уважаемые члены Маджлиси милли и депутаты Маджлиси намояндагон! Дорогие соотечественники!

Послание об основных направлениях внутренней и внешней политики Республики Таджикистан, которое сегодня предлагается вашему вниманию, является логическим продолжением посланий Президента страны, представленных им высшему законодательному органу в предыдущие годы. Ведь мы всё ещё идём по пути реализации тех стратегических задач и целей, которые мы определили для себя в прошлые годы.

Большинство из них было предусмотрено на длительные сроки, и мы, ежегодно рассматривая их, часть из них корректируем в соответствии со сложившимся социально-экономическим положением нашей страны и с учётом перемен в современном мире, а кроме того, в свою очередь, определяем и конкретизируем новые цели и задачи.

В этом процессе своей важнейшей задачей мы считаем ускорение экономических реформ, направленных на развитие всех производственных и социальных отраслей страны.

Для успешной реализации Целей Развития Тысячелетия были приняты Национальная стратегия развития на период до 2015 года и Стратегия снижения уровня бедности на 2007-2009 годы, и их целями являются увеличение в два с половиной раза валового внутреннего продукта и снижение в два раза уровня бедности.

Социально-экономическая политика государства Таджикистан направлена, в первую очередь, на обеспечение устойчивого экономического развития, повышение уровня и качества жизни народа, улучшение социальной защиты нуждающихся слоёв населения и создание необходимых условий для воспитания здорового и образованного поколения.

Говоря о проделанной нами работе, следует, прежде всего, сказать, что в последние годы, в результате реализации мероприятий принятых программ социально-экономического развития нашей страны, полным ходом продвигается устойчивое и целенаправленное развитие национальной экономики. За последние семь лет валовой внутренний продукт возрос на 81 процент, и только в прошлом году его объём по сравнению с 2006 годом увеличился на 7,8 процента.

Реализация мероприятий, предусмотренных в области финансовой и налоговой политики, способствовала увеличению доходной части государственного бюджета, и её общий объём в прошлом году составил 19 процентов от валового внутреннего продукта.

В 2007 году продолжилась тенденция снижения внешней задолженности. Если в 2000 году её общий объём составлял 108 процентов от валового внутреннего продукта, то в начале нынешнего года этот показатель равнялся 30 процентам.

...