Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 № 368 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 3 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 21, мод. 223; соли 1997, № 9, мод. 110; соли 1998, № 10, мод. 111, мод. 115; соли 2000, № 6, мод. 349; соли 2001, № 4, мод. 200; соли 2004, № 2, мод. 43; соли 2006, № 3, мод. 142; соли 2007, № 7, мод. 650) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 14:

- қисми якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Суди конститутсионин Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳоеро, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, муайян менамояд.";

- дар банди "а" қисми якум калимаи "қарордодҳои" ба калимаҳои "шартномаҳои байналмилалии" иваз карда шавад;

- қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳоро оид ба вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон вобаста ба қонун ва дигар санади ҳуқуқии татбиқшуда ё татбиқшаванда дар муносибати мушаххаси ҳуқуқӣ баррасӣ мекунад, инчунин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонун, дигар санади ҳуқуқӣ ва тавзеҳоти дастурии Пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар парвандаи мушаххас, ки аз тарафи суд нисбаташон татбиқ шудааст, бо тартибе, ки Қонуни конститутсионии мазкур муқаррар кардааст, муайян менамояд.".

2. Моддаи 37 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 37. Субъектҳои ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиаткунанда

Ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи муроҷиат карданро доранд:

1) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд;

2) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон;

3) Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани санадҳои ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

...

КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон Республики Таджикистан "О Конституционном суде Республики Таджикистан"

Статья 1. Внести в конституционный Закон Республики Таджикистан "О Конституционном суде Республики Таджикистан" от 3 ноября 1995 года (Ведомости Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1995 год, №21, ст.223; Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1997 год, № 9, ст.110; 1998 год, № 10, ст. 111, ст.115; 2000 год, № 6, ст.349; 2001 год, № 4, ст.200; 2004 год, № 2, ст.43; 2006 год, № 3, ст. 142; 2007 год, № 7, ст.650) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 14:

- дополнить частью первой в следующей редакции:

"Конституционный суд Республики Таджикистан определяет соответствие Конституции Республики Таджикистан проектов изменений и дополнений, вносимых в Конституцию Республики Таджикистан, проектов законов и других вопросов, представляемых на всенародный референдум.";

- в пункте "а" части первой после слов "в законную силу" дополнить словом "международных";

- часть третью изложить в следующей редакции:

"Конституционный суд Республики Таджикистан рассматривает вопросы о нарушениях конституционных прав и свобод граждан по примененным или подлежащим применению закону и другому правовому акту, в конкретном правоотношении, а также определяет соответствие Конституции Республики Таджикистан закона, другого правового акта и руководящих разъяснений Пленумов Верховного суда Республики Таджикистан, Высшего экономического суда Республики Таджикистан, примененных судом в их отношении в конкретном деле, в порядке, определенном настоящим конституционным Законом.".

2. Статью 37 изложить в следующей редакции:

"Статья 37. Субъекты обращения в Конституционный суд Республики Таджикистан

Право на обращение в Конституционный суд Республики Таджикистан принадлежит:

1) Президенту Республики Таджикистан, Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан о соответствии Конституции Республики Таджикистан вносимых изменений и дополнений в Конституцию Республики Таджикистан, проектов законов и других вопросов, представляемых на всенародный референдум;

2) Президенту Республики Таджикистан, совместному заседанию Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Правительству Республики Таджикистан, члену Маджлиси милли и депутату Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Верховному суду Республики Таджикистан, Высшему экономическому суду Республики Таджикистан, Генеральному прокурору Республики Таджикистан, Маджлисам народных депутатов Горно-Бадахшанской автономной области, областей и города Душанбе о соответствии Конституции Республики Таджикистан законов, совместных правовых актов Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, правовых актов Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Президента Республики Таджикистан, Правительства Республики Таджикистан, Верховного Суда Республики Таджикистан, Высшего экономического суда Республики Таджикистан и не вступивших в законную силу международных договоров Таджикистана;

3) Генеральному Прокурору Республики Таджикистан, Маджлисам народных депутатов Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе и председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей и города Душанбе о соответствии Конституции Республики Таджикистан правовых актов министерств, государственных комитетов и иных органов государственного управления, местных органов государственной власти;

...