Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 № 370 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракати роҳ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракати роҳ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи ҳаракати роҳ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №22, мод. 336; соли 1997, №23-24, мод. 333; соли 2000, №11, мод. 527) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Номи "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракати роҳ" ба "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракат дар роҳ" иваз карда шуда, минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои "ҳаракати роҳ" ба калимаҳои "ҳаракат дар роҳ" иваз карда шаванд.

2. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Мақсади Қонуни мазкур муайян намудани асосҳои ҳуқуқии ҳаракат дар роҳ ҷиҳати ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, системаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, тартиби банақшагирӣ ва маблағгузории чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мебошад.".

3. Дар матни Қонун калимаи "фасли" ба калимаи "боби" иваз карда шуда, рақамгузории бобҳо бо рақамҳои арабӣ ишора карда шавад.

4. Дар моддаи 1:

- номи модда дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 1. Вазифаҳои Қонуни мазкур";

- дар матни модда ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои "Қонун" ва "ин Қонун" мувофиқан ба калимаҳои "Қонуни мазкур" иваз карда шаванд.

5. Моддаи 2 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаракат дар роҳ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаракат дар роҳ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат аст.".

6. Дар моддаи 3:

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

"О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О дорожном движении"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 4 ноября 1995 года "О дорожном движении" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1995г., №22, ст. 336; 1997 г., №23-24, ст. 333; 2000 г., №11, ст. 527) следующие изменения и дополнения:

1. Преамбулу настоящего Закона изложить в следующей редакции: "Целью настоящего Закона является определение правовых основ дорожного движения для защиты жизни и здоровья граждан, системы обеспечения безопасности дорожного движения, порядка планирования и финансирования мероприятий по обеспечению безопасности дорожного движения.".

2. В тексте Закона слово "раздел" заменить словом "глава", номерацию глав обозначить арабскими цифрами.

3. В статье 1:

- название статьи изложить в следующей редакции:

"Статья 1. Задачи настоящего Закона".

4. Статью 2 настоящего Закона изложить в следующей редакции:

"Статья 2. Законодательство Республики Таджикистан о дорожном движении

Законодательство Республики Таджикистан о дорожном движении основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан и международных правовых актов, признанных Таджикистаном.".

5. В статье 3:

- название статьи изложить в следующей редакции:

"Статья 3. Основные понятия";

- часть первую изложить в следующей редакции:

...