×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 № 380 "Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Кодекси шаҳрсозии ҶТ аз 28.12.2012 № 933 аз эътибор соқит дониста шуд

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоии танзими муносибатҳоро дар фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ муқаррар намуда, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар ин соҳа муайян менамояд.

Боби 1. Муқаррароти умумӣ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- фаъолияти меъморӣ - фаъолияти касбӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи меъморӣ, ташкил, ҳамоҳангсозӣ, омодасозӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмон, аз ҷумла назорати муаллифии сохтмон;

- фаъолияти шаҳрсозӣ - фаъолият ҷиҳати банақшагирии шаҳрсозӣ, ҷойгиркунии иншоотҳои сохтмонӣ ва иморатсозии ҳудудҳо, ки бо назардошти хусусиятҳои таърихию фарҳангӣ, табиӣ, экологӣ ва хусусиятҳои дигари ҳудуд анҷом дода мешавад;

- фаъолияти сохтмонӣ (сохтмон) - фаъолият оид ба таҳияи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда ва лоиҳавӣ барои сохтмон, иҷрои корҳои сохтмонӣ, аз он ҷумла корҳои заминӣ вобаста ба сохтмон, бунёдкунӣ, тағйироти конструктивӣ, корҳои барқарорсозӣ, таъмири асосӣ, вайрон кардани бино ва объектҳо, васл ё таҷзия намудани бино ва конструксияҳо, тармими ёдгориҳои таърихӣ, ба истиснои фаъолияте, ки бо мақсадҳои ҳарбӣ анҷом дода мешавад;

- ҳудуд дар фаьолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ (минбаъд-ҳудуд) - фазои маҳдуде, ки аз як ё якчанд ҷузъиёти муҳити зист иборат буда, барои анҷом додани фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ё сохтмонӣ таъин гардидааст;

- кадастри давлатии шаҳрсозӣ (минбаъд-кадастри шаҳрсозӣ)системаи иттилоотии бисёрҳадафа, ки барои анҷом додани фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ маълумоти заруриро дар бар мегирад:

- банақшагирии шаҳрсозӣ - омодасозӣ ва тасдиқи барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, лоиҳаҳои шаҳрсозӣ, нақшаҳои минтақабандии ҳудудҳо;

- минтақабандии ҳудудҳо - ҳангоми банақшагирии шаҳрсозӣ ҷудо кардани минтақаҳои дорои таъиноти муайяни функсионалӣ бо муқаррар намудани талаботи рушди шаҳрсозӣ ва истифодаи ҳудудҳо;

- ҳудудҳои байни маҳалҳои аҳолинишин - ҳудуди берун аз (сарҳади) маҳалҳои аҳолинишин;

...

Утратил силу в редакции Кодекса РТ от 28.12.2012г,№ 933

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Об архитектурной, градостроительной и строительной деятельности

Настоящий Закон, устанавливая правовые, организационные и социальные основы регулирования отношений в архитектурной, градостроительной и строительной деятельности, определяет права и обязанности государственных органов, физических и юридических лиц в этой сфере.

Глава 1. Общие положения

Статья 1. Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

- архитектурная деятельность - профессиональная деятельность по созданию архитектурного проекта, организации, координации, подготовке и разработке проектной документации на строительство, включая авторский надзор за строительством;

- градостроительная деятельность - деятельность по градостроительному планированию, размещению строительных объектов и застройке территорий, осуществляемая с учетом историко-культурных, природных, экологических и иных особенностей территорий;

- строительная деятельность (далее строительство) - деятельность по подготовке разрешительной и проектной документации на строительство, выполнению строительных работ, включая земляные работы, связанные со строительством, и возведение, конструктивные изменения, реставрационные работы, капитальный ремонт, снос зданий и объектов, монтаж и демонтаж зданий и конструкций, реставрацию исторических памятников, за исключением деятельности, осуществляемой в военных целях;

- территория в архитектурной, градостроительной и строительной деятельности (далее - территория) - ограниченное пространство, обладающее одним или несколькими элементами среды обитания, предназначенное для осуществления архитектурной, градостроительной или строительной деятельности;

- государственный градостроительный кадастр (далее градостроительный кадастр) - многоцелевая информационная система, содержащая необходимые сведения для осуществления архитектурной, градостроительной и строительной деятельности;

- градостроительное планирование - подготовка и утверждение государственных и отраслевых программ в области архитектуры и градостроительства, градостроительных проектов, планов зонирования территорий;

- зонирование территорий - выделение при градостроительном планировании территориальных зон определенного функционального назначения с установлением требований градостроительного развития и использования территорий;

- межселенные территории ~ территории за пределами границ (черты) населенных пунктов;

...