Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2000 № 235
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2000 № 235 "Дар бораи тадбирҳои танзими истеҳсоли тухмии баландсифати зироатҳои кишоварзӣ" тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
- дар бандҳои 4,6,7 калимаҳои "Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- замимаҳои 1, 2, 3 ва 4-и қарори мазкур дар таҳрири зайл баён гарданд (замима мешаванд).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 июни соли 2002 № 236
ш. Душанбе
аз 2 июни соли 2002 № 236
ш. Душанбе
...