Барномаи компютеркунонии мактабҳои маълумоти ҳамагонии асосӣ ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2007 аз 31 декабри соли 2002 № 502

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 декабри соли 2002 № 502

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 декабри соли 2002 № 502

тасдиқ шудааст

Барномаи компютеркунонии мактабҳои маълумоти ҳамагонии асосӣ ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2007

Муқаддима

Иқтисодиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун қисми таркибии иқтисодиёти ҷаҳон дар асоси рушди устувор такмил меёбад, ки омили асосӣ ва муайянкунандаи он дараҷаи маълумотнокӣ, иттилоотнокӣ ва ташаббуснокии фардҳо мебошад. Аз ин рӯ, истифодаи технологияи муосири компютерӣ дар раванди таълим ҳамчун зарурияти воқеӣ зуҳур менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2002 доштани саводи компютериро талаботи замон ва унсури ҳатмии маълумот муайян намудаанд.

Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими саводи компютериро дар тамоми зинаҳои маълумот (томактабӣ, асосӣ, миёна, касбӣ...) муқаррар намудааст. Дар марҳалаи аввал компютеркунонии мактабҳои маълумоти ҳамагонии асосӣ ва миёнаи ҷумҳурӣ қадамҳои нахустин дар иҷрои ин вазифаҳо ба шумор мераванд.

Барномаи мазкур ба хонандагон додани дониш, малака ва маҳорати бо компютер ва барномаҳои гуногуни замонавии компютерӣ кор карда тавонистанро дар назар дошта, барои ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ будани сатҳи тайёрии мутахассисони ояндаро таъмин менамояд.

1. Зарурият ва моҳияти Барнома

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 3.7 ҳазор мактаб фаъолият дорад, ки дар онҳо қариб 1,6 млн. талабагон таҳсил мекунанд. Миқдори умумии компютерҳои ҳозиразамон, ки қобили истифодаанд 1100 донаро ташкил медиҳад. Ҳоло ба ҳар як компютер 1454,4 талаба рост меояд, ки ин ба талаботи стандартҳои давлатӣ ва ҷаҳонӣ мувофиқ нестанд.

Аз 3,7 ҳазор мактаб дар 2853 - тои он фанни "Асосҳои техникаи компютерӣ" дарс дода мешавад. Бинобар ин, Барномаи мазкур барои таъмин намудани компютеркунонин ҷараёни таълим дар мактабҳои асосӣ ва миёна таъсис додани 2853 синфхонаҳои компютериро зарур донад. Агар ҳар як синфхона бо 10 компютер ( 9-то барон хонанда ва 1-то барои муаллим) таъмин карда шавад, пас 28530 компютер бояд дар ихтиёр дошт. Дар ҳолате ки мактабҳои асосӣ ва миёнаи ҳамагони бо ин миқдор компютерҳо таъмин гарданд, ба як компютер 56 (1,6 млн : 28530) хонандаи мактаб рост меояд, ки нишондиҳандаи матлуб аст.

Комютеркунонии ҷараёни таълим амалӣ сохтани чорабиниҳои зиёдеро талаб мекунад. Аз ҷумла:

...

Утвержден

постановлением Правительство

Республики Таджикистан

от 31 декабря 2002 года № 502

Утвержден

постановлением Правительство

Республики Таджикистан

от 31 декабря 2002 года № 502

Программа компьютеризации основных и средних общеобразовательных школ Республики Таджикистан на 2003-2007 годы

Введение

Экономика суверенного Таджикистана как составная часть мировой экономики совершенствуется по пути устойчивого развития, где основным и определяющим фактором является уровень образованности, информированности и инициативности личности. Следовательно, использование современных компьютерной технологии в образовании выступает как объективная необходимость.

Президент Республики Таджикистан Э.Ш.Рахмонов в своём Послании Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 22 апреля 2002 года определил получения компьютерной грамотности как обязательный элемент образования.

Данная Программа Предполагает выработать у учеников знания, умения, способность работать на компьютере с использованием современных компьютерных программ, что позволяет обеспечить соответствие уровня подготовки специалистов мировым стандартам.

1. Необходимость и сущность программы

В Республике Таджикистан функционирует около 3,7 тыс.школ, где обучаются 1,6 млн. обучающихся. В наличии имеется более 1100 современных компьютера. В настоящее время на один компьютер приходится 1454,4 ученика, что не соответствует государственному и мировому стандартам.

Из 3,7 тыс.школ в 2853-х (основных и средних) преподаётся предмет "Основы компьютерной техники". Поэтому данная Программа для компьютеризации учебного процесса только в основных и средних общеобразовательных школах предполагает необходимость создания 2853 компьютерных классов. Если обеспечить каждый компьютерный класс 10-ю компьютером (9 для учеников, а 1 для учителя), то необходимо иметь в наличии 28530 компьютеров. При условии, если основные и средние школы обеспечиваются таким количеством компьютеров, то на один компьютер будет приходиться (1,6 млн.: 28530) = 56 учеников основной и средней школы, что является оптимальным показателем.

Компьютеризация учебного процесса предполагает необходимость реализации многих мероприятий, в том числе:

- выделение средств для создание компьютерных классов и обеспечения их новыми современными компьютерами;

...