Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи муқаррар кардани меъёри аксизҳо барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда
Мутобиқи моддаи 216 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Меъёрҳои андози аксизӣ барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда мувофиқ замима муқаррар карда шаванд ва аз 1 декабри соли 2001 мавриди амал қарор гиранд.
2. Муайян карда шавад, ки мутобиқи моддаи 215 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳо ва муассисаҳои ҷумҳурӣ, ки:
- спирти этилиро барои истеҳсоли мақсулоти нӯшокиҳои спиртдор, ба сифати намуна барои гузаронидани таҳлилҳо ё тафтишҳои истеҳсолӣ, тадқиқотҳои илмӣ, бо мақсадҳои тиббӣ (дар беморхонаҳо ва дорухонаҳо) истифода мебаранд, ба андозаи аксизи ҳангоми харидани спирти этилӣ пардохташуда ё баргардонидани маблағи аксиз аз рӯи спирти этилӣ ҳисоб кардани андоз ҳуқуқ доранд;
- ашёи хоми тамокуро барои, ферментатсия намудан ва истеҳсоли маҳсулоти тамоку истифода мебаранд, ба андозаи аксизи ҳангоми харидани ашёи хоми тамоку ва тамокуи ферментатсияшуда пардохташуда ё баргардонидани маблағи аксиз аз рӯи ин молҳо ҳисоб кардани андоз ҳуқуқ доранд.
3. Аз 1 декабри соли 2001 беэътибор дониста шаванд:
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 1999 № 117 "Дар бораи тасдиқ кардани меъёри аксизҳо барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда";
- банди 5 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрелп соли 2000 № 171 "Дар хусуси тадбирҳои иловагии татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1998 № 1143 "Дар бораи тақвият бахшидани танзими давлатӣ дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этил ва машрубот".
4. Назорат аз болои иҷрои қарори мазкур ба зимаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 1 декабри соли 2001 № 533
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об установлении ставок акцизов на отдельные товары, производимые в Республике Таджикистан и ввозимые на территорию Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 216 Налогового кодекса Республики Таджикистан, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Установить и ввести с 1 декабря 2001 года ставки акцизного налога на отдельные товары, производимые в Республике Таджикистан и ввозимые на территорию Республики Таджикистан, согласно приложению.
2. Определить, что согласно статье 215 Налогового кодекса Республики Таджикистан предприятия и учреждения республики:
- использующие этиловый спирт для производства алкогольной продукции или в качестве образцов для проведения анализов, либо производственных проверок, дли научных исследований, и медицинских целях (больницами и аптеками), имеют право на налоговый зачет в размере акциза, уплаченного при покупке этилового спирта, или на возврат суммы акциза на этиловый спирт;
- использующие табачное сырье для ферментации и изготовления табачной продукции имеют право на налоговый зачет в размере акциза, уплаченного при покупке табака ферментированного и табачного сырья, или на возврат суммы акциза на указанные товары.
3. Признать с 1 декабря 2001 года утратившими силу:
- Постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 марта 1999 года № 117 "Об установлении ставок акциза на отдельные товары, производимые в Республике Таджикистан и ввозимые на территорию Республики Таджикистан";
- пункт 5 Постановления Правительства Республики Таджикистан от 19 апреля 2000 года № 171 "О дополнительных мерах по реализации Указа Президента Республики Таджикистан от 28 декабря 1998 года № 1143 "Об усилении государственного регулирования в сфере производства и оборота этилового спирта и алкогольной продукции".
4. Контроль исполнения данного постановления возложить на Министерство финансов Республики Таджикистан, Таможенный комитет при Правительстве Республики Таджикистан и Налоговый комитет при Правительстве Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов
от 1 декабря 2001 года №533
г. Душанбе