ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи масъалаҳои Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Аз Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" бароварда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- вазифа, функсияҳо, низомнома, сохтор, шумораи ниҳоии кормандон ва маблағгузории Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз нав дида барояд;
- дар мӯҳлати як моҳ қарорҳои худро ба ҳамин Фармон мутобиқ гардонад.
3. Сархати ҳаштуми банди 4 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2004 №1249 "Дар бораи баъзе чораҳои такмили системам идораи давлати" аз эътибор соқит дониста шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 28 марти соли 2006 № 1718 ш. Душанбе
аз 28 марти соли 2006 № 1718 ш. Душанбе
...