Тартиби таҳияи дурнамоҳои кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2007, № 649

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.06.2019 № 279 аз эътибор соқит дониста шуд 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2007 № 649

тасдиқ шудааст

Тартиби таҳияи дурнамоҳои кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тартиби таҳияи дурнамоҳои кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 3 ва 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия гардида, барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар бахши иқтисодиёт, иҷрои ҳуҷҷатҳои барномавии давлат оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини суръати афзоиши баланди иқтисодӣ равона карда шудааст.

1. Иштирокчиёни таҳияи дурнамоҳои кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи соҳавӣ ва минтақавии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият, инчунин муассисаҳои илмӣ ҳисоб меёбанд.

Дар асоси пешниҳоди субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ иштирокчиёни таҳияи дурнамоҳо:

- дурнамоҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳаҳо, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳоро таҳия менамоянд;

- дурнамоҳои рушди иҷтимоию иқтисодиро дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи вазорату идораҳо, ҷаласаҳои Маҷлиси вакилони халқии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо баррасӣ ва тасдиқ менамоянд;

- мутобиқи мӯҳлатҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти болоӣ нишондиҳандаҳои дурнамоҳоро пешниҳод менамоянд;

- таклифҳои худро дар давраи мувофиқагардонии нишондиҳандаҳои дурнамоҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ асоснок ва ҳимоя менамоянд;

- дар ҳолати пайдо шудани зарурияти объективӣ дар ҷараёни мувофиқагардонии дурнамоҳо ба пешниҳоди худ тағйиру иловаҳоро ворид менамоянд;

- мониторинги иҷрои нишондиҳандаҳои дурнамоҳои қабулшударо анҷом медиҳанд;

- ҳангоми ғайриқаноатбахш иҷро гардидани дурнамоҳои қабулшуда чораҳои самарабахше, ки ба таъмини иҷрои он равона шудааст, баррасӣ ва тасдиқ менамоянд;

- лоиҳаҳои санадҳои меъерӣ-ҳуқуқӣ дар бахши танзими ҷараёни дурнаморо таҳия менамоянд.

2. Мақомоти давлатии ваколатдори ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои банақшагирӣ ва пешбиникунӣ дар асоси таклифҳои пешниҳоднамудаи иштирокчиёни дурнамоҳо:

- тартиб додани лоиҳаи маҷмуии дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом дода, ҳуҷҷатҳо ва маводи заруриро барои тасдиқ омода менамояд;

- дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои дурнамоҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳуҷҷатҳо ва маводи зарурӣ барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- мониторинги иҷрои дурнамоҳои рушди иҷтимоию иқтисодии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардидаро анҷом дода, натиҷаҳои татбиқи онро дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи вазорат мавриди баррасӣ қарор медиҳад ва ахбори мувофиқшударо бо таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- номгӯи нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодиро таҳия менамояд;

- дигар вазифаҳоро дар бахши дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он вогузошта шудааст, иҷро менамояд.

3. Қарорро дар бораи ташкили корҳо доир ба омода намудани лоиҳаи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд.

Дар асоси ин қарор мақомоти ваколатдори давлатии ҳокимияти иҷроия доир ба масъалаҳои банақшагирӣ ва пешбиникунӣ корҳоро вобаста ба омода намудани лоиҳаи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ташкил менамояд.

Бо мақсади саривакт ва босифат омода намудани лоиҳаи дурнамоҳои ҷумҳурӣ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо иштирокчиёни таҳияи дурнамоҳо ҳуқуқи гирифтани тамоми ахборро аз мақомоти омории ҷумҳуриявӣ ва мақомоти минтақавии ваколатдори он доранд.

Тавсифномаҳо ва нишондиҳандаҳои асосӣ ҷиҳати тартиб додан, баррасӣ ва тасдиқи дурнамоҳо ба иштирокчиёни таҳияи дурнамоҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии ҳокимияти иҷроия доир ба масъалаҳои банақшагирӣ ва пешбиникунӣ дар мӯҳлатҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, таҳия ва расонида мешавад.

Нишондиҳандаҳои асосии миқдории дурнамо суръат ва таносуби афзоиши иқтисодӣ, ҷараёни истеҳсолот ва сохтори соҳавии он, ҳаҷми истеҳсоли намудҳои асосии мол (кору хизматрасонӣ) дар шакли молӣ, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, дараҷаи шуғл ва сифати зиндагии аҳолӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва инфраструктураи истеҳсолӣ, инчунин индекси афзоиши нарх ва тарифҳо ба маҳсулот ва хизматрасонии монополияҳои табииро дарбар мегирад.

4. Ҳуҷҷатҳои зерин ҳамзамон бо лоиҳаи дурнамои рушди соҳа, вилоят, шаҳр ва ноҳия тартиб дода шуда, пешниҳод карда мешаванд:

- дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои давраи навбатӣ бо пешниҳод оид ба тақвияти суръати афзоиши иқтисодӣ;

- қайди тавзеҳии барномаи суроғавии сармоягузорӣ бо ҷудокунии иншоот ва сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои давраи навбатии дурнамо.

Ба дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят, шаҳр, ноҳия қайди тавзеҳӣ бо таҳлили нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии давраҳои гузашта бо асосноккунии маълумоти пешбинишудаи дурнамо бо тасвири услуби ҳисобкунии нишондиҳандаҳои баҳодиҳӣ ва дурнамоӣ замима мешавад.

Дурнамоҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, соҳа, вилоят, шаҳр ва ноҳия дар асоси маълумоти рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар охири давраи ҳисоботӣ, баҳодиҳии иҷрои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ то охири давраи базавӣ, тамоюли рушди иқтисод дар давраи банақшагирӣ ва пеш аз тартиб додани лоиҳаи буҷети давлатӣ таҳия мегардад.

Ҳангоми тартиб додани дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ маълумоти омори давлатӣ ва идоравӣ, ахбороти бо тартиби муқарраршудаи қонунгузорӣ пешниҳодгардидаи ташкилотҳо ва корхонаҳои дар қаламрави ҷумҳурӣ амалкунанда истифода мешаванд.

Дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар шакли ҷадвал бо овардани нишондиҳандаҳои соли гузашта, баҳодиҳии нишондиҳандаҳои соли ҷорӣ ва дурнамо барои соли пешбинишудаи навбатӣ тартиб дода мешавад.

Таркиби нишондиҳандаҳое, ки дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва тавсияҳои методӣ оид ба таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодиро дар бар мегирад, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии ҳокимияти иҷроия оид ба масъалаҳои банақшагирӣ ва пешбиникунӣ муайян мегарданд.

5. Дурнамои миёнамӯҳлати рушди иҷтимоию иқтисодӣ - ҳуҷҷати дар баробари лоиҳаи дурнамои соли навбатӣ ва маълумоти дарбаргирифтаи оид ба имконоти дурнамои рушди иқтисодӣ бо мақсади додани ахбор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба тамоюли пешбинишудаи миёнамӯҳлати рушди иқтисод ва соҳаҳои иҷтимоӣ, пайгирӣ намудани тамоюлоти манфӣ барои андешидани чораҳои саривақтии дахлдор ташаккул ёфта, асоси таҳияи Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дурнамои миёнамӯҳлати ояндадор барои се сол таҳия мешавад, ки аз онҳо: соли якум - соли омода гардидани дурнамо; ду соли оянда даврае, ки дар муддати он натиҷаҳои воқеии сиёсати иқтисодӣ пайгирӣ мешаванд.

Дурнамоҳои миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаҳои яклухти макроиқтисодӣ, дурнамои кӯтоҳмӯҳлат бошад бо нишондиҳандаҳои нисбатан васеъ омода мешаванд.