ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 1993 (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1993, № 13, моддаи 243; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, №9, моддаи 117) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷангал
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷангал ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".
2. Дар сархати 2 қисми дуюми моддаи 3 калимаи "колхозҳо" ба калимаҳои "ташкилотҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ" иваз карда шавад.
3. Дар номи моддаи 7 ва минбаъд дар тамоми матни Кодекс калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо)" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.
4. Қисми якуми моддаи 9 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравии онҳо бо роҳи гузаронидани санҷиши риояи қонунгузорӣ дар бораи ҳолат, истифода, таҷдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ гардонида мешавад".
5. Дар сархати чоруми қисми якуми моддаи 11 ва минбаъд дар тамоми матни Кодекс калимаҳои "Корхона, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон" ба калимаҳои "Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд.
6. Дар сархати сеюми моддаи 12 калимаҳои "ҳамин Кодекс, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин қоидаю меъёрҳо пешбинӣ кардаанд ба ҷо оваранд" ба калимаҳои "Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд" иваз карда шаванд.
7. Дар қисми сеюми моддаи 23 ва минбаъд дар тамоми матни Кодекс калимаҳои "Шахсиятҳои ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд.
8. Матни моддаи 27 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Иҷозатномадиҳии ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии фонди ҷангал мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад".
...