Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 октябри соли 1998 № 411
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 октябри соли 1998 № 411
тасдиқ шудааст
Консепсияи сиёсати муҳоҷирати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
I. Муқаррароти умумӣ
Давлати муосири демократии Тоҷикистон дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дорад.
Ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон, муноқишаҳои дигари низомии дохилӣ, гузариш ба сохти нави сиёсиву иқтисодӣ, коҳиш ёфтани ҳолати иҷтимоии аҳолӣ ба интенсификатсияи раванди муҳоҷират оварда расонид.
Миқёси муҳоҷират ва мухталифии равандҳои муҳоҷират водор месозанд, ки бояд роҳҳои нави ҳалли проблемаҳои рушди демографии кишварро кор карда, идораи ин равандро то сатҳи давлатӣ баланд бардошта, сиёсати давлатии муҳоҷират таҳия карда шавад.
Консепсияи мазкур ҳамчун асоси идораи раванди муҳоҷират, ҳимояи ҳуқуқи қонунӣ ва манфиатҳои муҳоҷирон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он ба ҳисоб меравад.
II. Шартҳои принсипҳои сиёсати муҳоҷирати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сиёсати муҳоҷирати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зайл такя менамояд:
ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон, сарфи назар аз мансубияти нажодӣ, динӣ, этикӣ, шаҳрвандӣ, баромади иҷтимоӣ, ақоиди сиёсӣ, забон, ҷинс ва синну сол;
ҳифзи манфиатҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар бо роҳи ба танзим овардани равандҳои муҳоҷират;
...