Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2006 № 94
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2006 № 94
тасдиқ шудааст
Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
Муқаддима
Консепсияи миллии тарбия (минбаъд - Консепсия) сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳоли, махсусан насли наврас, муайян месозад. Он моҳият, мақсаду вазифаҳо ва мазмуни тарбияи миллиро дар марҳилаи нави таърихи ба танзим оварда, нақш ва мақоми онро дар ташаккули шахсияти инсони комил муайян мекунад.
Президенти Ҷумҳурин Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башари яке аз вазифаҳои муҳими имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа доннста, масъалаҳои демографи ва танзими оиларо хамчун омили асосии ҷомеаи солим ба миён гузоштааст, ки роҳу усулҳои самараноки амали намудани онҳо дар Консепсия мавриди барраси қарор гирифтаанд.
Консепсия бо дарназардошти анъанаву суннатҳои арзишманди миллати тоҷик ва халқияту миллатҳои дигари Тоҷикистон таҳия гардидааст. Он имконият медиҳад, ки тамоми аҳолии Тоҷикистон, новобаста аз маҳаллу миллат ва нажод, роҳҳои гуногуни тарбияро барон инсони комил будан интихоб ва амали намоянд.
Консепсия тамоми вазорату идораҳо, ташкилотҳои эҷоди, аз қабили Иттифоқи нависадагон, Иттифоқи бастакорон, Иттифоқи журналистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи меъморон, Иттифоқи арбобони театри, иттифоқҳои дигари эҷоди, воситаҳои ахбори умум; нашриёт ва чопхонаю матбааҳо, ҳизбҳои сиёси ва иттиҳодияҳои ҷамъияти, аз ҷумла иттифокҳои касаба, созмонҳон ғайриҳукумати, корхонаҳои давлати ва хусуси, муассисаҳои хизматрасони, Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат, театрҳо, Филармонияи давлати, консерватория, дастаҳои "Шашмақом" ва "Фалак", кнтобхонаҳо, осорхонаҳо, муассисаҳои ҳифзи саломати ва фароғати, боғҳои истироҳат ва фарҳанг, ташкилотҳои ҷавонон, муасссисаҳои таълимию тарбияви ва тамоми ҷомеаро вазифадор ва даъват менамояд, ки дар бобати тарбияи миллии аҳолии кишвар фаъол буда, дар амали намудани барномаю тадбирҳои давлатии ин масъалаи муҳими аҳамияти бузурги иҷтимоию ахлоқи дошта саҳмгузор бошанд.
I. Зарурияти таҳия ва қабули Консепсия
Дар шароити имрӯза зарурияти таҳия ва қабули Консепсия аз инҳо иборат аст:
...