Конвенсияи № 97 дар бораи муҳоҷирони меҳнати (таҷдиди назаршудаи) соли 1949
Конференсияи Генералии Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат,
ки аз тарафи Шӯрои Маъмурии Бюрои Байналхалқии Меҳнат дар шаҳри Женева даъват гардида, 8 июни соли 1949 ба иҷлосияи сию дуюми худ ҷамъ омада,
дар мавриди таҷдиди назар кардани Қарордоди соли 1939 оид ба муҳоҷирони меҳнати, ки Конференсияи дар иҷлосияи бисту панҷуми худ қабул карда буду он моддаи ёздаҳуми рӯзномаи иҷлосия ба шумор мерафт ва ба ин пешниҳод шакли Байналхалқии Қарордод дод,
рӯзи якуми моҳи июли соли як ҳазору нӯҳсаду чилу нӯҳум Қарордоди зайлро ба тасвиб расонид, ки он, мумкин аст, Қарордоди (таҷдиди назаршудаи) соли 1949 дар бораи муҳоҷирони меҳнати номида шавад.
Моддаи 1
Ҳар як Узви Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат, ки барои вай ин Қарордод эътибор дорад, ӯҳдадор аст, ки бо тақозои Бюрои Байналхалқии Меҳнат ва ҳар кадом Узви он Ташкилот ҳуҷҷатҳои зеринро ба дастраси онҳо гузорад:
а) маълумот дар бораи сиёсат ва қонунгузориҳои мамлакати вай дар соҳаи муҳоҷират;
б) маълумот дар бораи муқаррароти махсус, ки ба муҳоҷирони меҳнати дахл дорад ва ҳамчунон дар хусуси шароитҳои кор ва зисти муҳоҷирони меҳнати;
в) маълумот дар бораи шартномаҳои умуми ва чорабиниҳои махсус, ки доир ба ин масъалаҳо аз тарафи Узви Ташкилот қабул карда шудаанд.
Моддаи 2
Ҳар як Узви Ташкилот, ки ба вай ин Қарордод Эътибор дорад, ӯҳдадор аст, ки барои муҳоҷирони меҳнати хадамоти ройгон ва босалоҳиятеро таъсис диҳад, то ки ин хадамот онҳоро бо маълумоти дақиқ таъмин намуда ва ё бовар ҳосил кунонад, ки дар мамлакати он Узви Ташкилот чунин хадамот аллакай вуҷуд дорад.
Моддаи 3
1. Ҳар як Узви Ташкилот, ки барои вай ин Қарордод эътибор дорад, ӯҳдадор аст, ки дар доираи қонунгузориҳои мамлакат ба муқобили ҳар гуна тағйироти гумроҳкунандае, ки вобаста ба масалаҳои муҳоҷират ба роҳ андохта мешаванд, тадбирҳои лозима андешад.
2. Бо ин мақсад вай дар ҳолатҳои мувофиқ бо дигар Аъзои манфиатдор якҷоя амал мекунад.
...